Бино ба гузоришҳои расида аз Русия, дар Қафқози Шимолӣ дар як ҳамлаи мошини бамгузоришуда 4 нафар кушта, 6 нафар ҷароҳат бардоштаанд. РИА-Новости навиштааст, инфиҷор дар назди қаҳвахонае дар Хасавюрти Доғистон рух додааст. Русия беш аз пеш бо шӯришиёни исломгаро дар Қафқози Шимолӣ даст ба гиребон аст. То ҳол касе ё гурӯҳе масъулияти инфиҷори 24-ӯми январ дар фурудгоҳи Домодедовои Маскавро бар ӯҳда нигирифтааст.