Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозии Карабоғ як сарбози арманӣ кушта шуд


Дар минтақаи ҳоили марзи миёни Озарбойҷону Арманистон дар Қарбоғи Кӯҳистонӣ дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози Арманистон кушта шудааст. Артиши миллии Қарабоғи Кӯҳистонӣ дар Степанокерт дар маркази Қарабоғ дар эъломияи худ гуфтааст, ки сарбоз Ҳовик Сукиасиён рӯзи панҷшанбе дар як тирандозии шадиди дуҷониба кушта шудааст. Дар ин эъломия омадааст, "бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ҷониби Озарбойҷон дар ин тарандозӣ хисороти бештар дидааст".
XS
SM
MD
LG