Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздиди раҳбари Чин аз Чикаго


Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳурии Чин дар идомаи боздидаш аз Амрико дар шаҳри Чикаго ба сар мебарад. Зимни суханронии шаби гузаштааш дар ин шаҳр вай аз мақомоти амрикоӣ даъват ба амал овард, ки муқаррароти марбут ба экспорти фанновариҳои нав ба Чинро сабуктар кунанд, то ки мизони содироти моли амрикоӣ ба кишвараш афзоиш ёбад. Оқои Ҳу гуфт, ки дар фикри рақобатҳои таслеҳотӣ ва ё афзоиши нуфузи низомӣ бар кишварҳои дигар нест. Вай ба эҳтирому ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни ИМА ва Чин даъват ба амал овард, вале айни замон аз Вашингтон тақозо кард, ки тамомияти арзии Чинро дар қаламрави Тибету Тайван эҳтиром қоил бошад.
XS
SM
MD
LG