Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлоси парлумони Афғонистон ба ақиб андохта шуд


Дафтари раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, маросими адои савганди парлумони ҷадид барои як моҳ, яъне то 22 феврал ба ақиб андохта шуд. Қаблан додгоҳи вижаи тахаллуфоти интихоботӣ, ки баъди интихоботи парлумонии моҳи сентябр дар Афғонистон таъсис ёфт, аз Карзай хост, то барои таҳқиқи шикоёти расида ба ин додгоҳ фурсати бештар диҳад. Раиси додгоҳ Содиқуллоҳ Ҳақиқ гуфт, ки онҳо ҳадди ақал ба як моҳи дигар ниёз доранд.
Мақомоти интихоботии Афғонистон қаблан тақрибан чоряки оро ва пирӯзии 24 барандаи интихоботи моҳи сентябрро лағв карданд. Карзай иҷлоси нахустини парлумони ҷадидро қаблан ба рӯзи 23 январ таъйин карда буд.
XS
SM
MD
LG