Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" "Нефтчӣ"-ро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод


“Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, дар бозии ниҳоии марҳалаи гурӯҳии мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод-2011 дар Санкт-Петербурги Русия бар “Нефтчӣ” аз шаҳраки Қӯчқор-Отаи Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 5:0 ғолиб омада, ба марҳалаи чаҳорякниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт. Қисми аввали бозӣ бидуни гол анҷом ёфт, вале дар қисми дуввум футболбозони тоҷик ба дарвозаи рақиб 5 тӯби беҷавоб заданд.
“Интер”-и Озарбойҷон бар “Искра-Стал” аз Молдова бо натиҷаи 1:0 пирӯз шуда, бо 9 хол дар гурӯҳи А соҳиби мақоми аввал шуд. Ҷои дуввумро дар ин гурӯҳ “Истиқлол” гирифт.
“Истиқлол”-ро 4 сол пеш Рустами Эмомалӣ, писари аввали раисиҷумҳури Тоҷикистон таъсис додааст.
XS
SM
MD
LG