Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар наздикии Қарабоғ сарбози Озарбойҷон кушта шуд


Имрӯз вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, нируҳои Арманистон дар наздикии минтақаи мавриди баҳси ҷонибҳо дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ як сарбози озариро ҳадафи тир қарор додаанд. Дар эъломияи вазорат омадааст, сарбози кушташуда 21 сол доштааст. Баъд аз хатми оташбас дар соли 1994 хатти оташбас таин шудааст. Бино ба гузоришҳо, дар давоми як соли гузашта, яъне аз замони ба дарозо кашидани музокироти сулҳи ҷонибҳо вазъ дар имтидоди ин хат мутташанниҷ гаштааст. Дар соли 2010 аз ҳар ду ҷониб бештар аз 20 сарбоз кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG