Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Кохи Сафед аз таъсиси ҳукумати нави Молдова


Кохи Сафед Влад Филатро барои пазируфта шуданаш дар мақоми нахуствазири Молдова табрик гуфт. Вазорати умури хориҷии Амрико бо пахши як изҳорот аз таъсиси ҳукумати нав аз сӯи эътилофи ҳукмрони ғарбгаро низ истиқбол кардааст. Ҳукумати нави Молдова ва барномаи ин ҳукумат рӯзи ҷумъа аз сӯи парлумони кишвар пазируфта шуд,
28 ноябри соли гузашта дар Молдова интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ баргузор шуд. 30 декабр се ҳизби ғарбгаро – Либерал-демократӣ, демократӣ ва либералӣ дар бораи таъсиси эътилофи ҳоким хабар доданд.
Ҳизби коммунист дар интихобот пирӯз шуд ва аммо натавонист теъдоди зарурии раъйҳо барои таъсиси ҳукуматро ба даст оварад.
XS
SM
MD
LG