Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи навбатии Ассанж моҳи феврал доир мешавад


Додгоҳи Лондон, ки имрӯз муҳокимаи парвандаи истирдоди асосгузори сомонаи “WikiLeaks “ Ҷуллиан Ассанж ба Шветсияро аз сар гирифт, қарор кард, ки ҷаласаи навбатиашро рӯзҳои 7 ва 8 феврал доир кунад. Ин нахустин эҳзори Ассанж дар пайи раҳоияш дар 16 декабр дар ивази пули гарав буд. Ӯ имрӯз дар Лондон ба хабарнигорон гуфт: “Кори мо бо “WikiLeaks” беосеб идома дошта, мо нашри матолиби марбут ба номаҳои маҳрамона ва матолиби дигарро тавсиа медиҳем. Ин кор ба зудӣ тавассути нашрияҳои ҳамкори мо дар саросари ҷаҳон, нашрияҳои хурду бузург ва бархе созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар сурат хоҳад гирифт.”
Шветсия Ассанжро ба бадрафтории ҷинсӣ айбдор карда, роҳҳои истирдоди ӯро меҷӯяд. Аммо Ассанжу тарафдоронаш мегӯянд, далели аслии таъқиби ӯ хашми Вошингтон аз нашри номаҳои маҳрамонаи дипломатии Амрико дар “WikiLeaks“ аст.
XS
SM
MD
LG