Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ироаи кумакҳо ба шаҳре, ки зери об меравад


Ҳавопаймоҳои низомӣ талошҳо барои расондани кумакҳо ба шаҳри Рокҳамптон дар шимолушарқи Австралияро, ки батадриҷ зери об мешавад, тақвият медиҳанд. Феълан киштиҳои наҷотбахш низ имкони расидан ба Рокҳамптони офатзадаро пайдо кардаанд. Интизор меравад, мавҷи об рӯзи чоршанбе ин шаҳри ҷамъияташ ҳудуди 80 000 нафарро бипӯшонад.
Боришоти шадид боиси ба таври бесобиқа лабрез шудани рӯдхонаҳо дар аёлати Куинленди Австралия шуда, ба як қаламрави аз лиҳози масоҳат баробари Фаронсаву Олмон осеб расондаанд. Обхезиҳо боиси баста шудани роҳҳо, тахриби заминҳои кишт ва ҳатто қатъи содироти ангишт шудааст.
XS
SM
MD
LG