Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии "Гузоришгарони бидуни марз" аз Исмоилов


Созмони байнулмилалии “Гузоришгарони бидуни марз”, мақараш дар Порис, хостори раҳоии хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов шуд. Дар як баёнияи ин созмон гуфта шудааст, ки хабарнигори маҳаллӣ барои матолиби фошкунандаи фасод панҷ ҳафта боз дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ба сар мебарад. Ба иттилоъи“Гузоришгарони бидуни марз”, “Исмоилов бо дастури додситони ноҳияи Ашт як рӯз баъд аз нашри матлабе боздошт шуд, ки дар он аз фасодзадагӣ ва аъмоли ғайриқонуни мақомоти маҳаллӣ сухан мерафт. Ин матлаб дар нашрияи “Истиқлол” чоп шуда буд”.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори чанд нашрияи мустақил, аз ҷумла, “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт, дар “тӯҳмат”, “барангехтани низоъи мазҳабиву қавмӣ” ва “тамаъҷӯӣ” муттаҳам мешавад. Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ба тафтиши воқеъбинонаи парвандаи ӯ аз сӯи додситони ноҳия Анвар Қаноат” шубҳа кардааст. Мурофиаи додгоҳии хабарнигор бояд охирҳои моҳи январ баргузор шавад.
Аз ин пеш Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорк, ҳам хостори раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов шуда буд.
XS
SM
MD
LG