Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкали Сталинро дар Украина тахриб кардаанд


Пулиси Украина мехоҳад пайкараи тахрибшудаи раҳбари собиқи Шӯравӣ Иосиф Сталин дар шаҳри Запорожйеро дубора ба ҷояш насб кунад. Масъулияти тахриби ин ҳайкалро гурӯҳи қавмгарои Тризуб бар ӯҳда гирифта, гуфт, ин амалро ба манзури гиромидошти Степан Бандера, аз раҳбарони неҳзати миллии Украина анҷом додааст.
Пайкараи Сталин дар Запорожйе дар моҳи май алорағми мавҷи эътирозҳо пардабардорӣ шуда буд. Аз замони даргузашти ӯ дар соли 1953 ин нахустин ҳайкали ӯст, ки дар Украина гузошта мешавад ва моли Ҳизби коммунист аст.
XS
SM
MD
LG