Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минск ба озодкунии боздоштшудаҳо шурӯъ кард


Мақомоти Беларус ба озодкунии эътирозгарони боздоштшудаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ шурӯъ карданд. Имрӯз тақрибан 20 нафар баъди анҷоми мӯҳлати даҳрӯзаи буду боши онҳо дар боздоштгоҳ ба озодӣ баромаданд. Куллан гуфта мешавад, ки ҳудудан 600 тарафдори мухолифин ва нафарони норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи рӯзи 19 декабр, ки бо пирӯзии навбатии Александр Лукашенка анҷомид, дар боздошт ба сар мебаранд. Дар миёни онҳо панҷ номзади президентӣ низ мебошанд. Ғарб саркӯби эътирозҳои баъдиинтихоботиро шадидан маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG