Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳои сонеҳаи ҳавопаймо афзоиш меёбад


Мақомоти Русия гуфтанд, ки шумори қурбониҳои сонеҳаи ҳавопаймои низомӣ шоми дирӯз ба 12 нафар баробар шуд. Кумитаи федеролии тафтишот мегӯяд, ки ҳавопаймои низомии навъи Ан-22, ки соли 1974 сохта шудааст, асосан барои интиқоли низомиён ва бору муҳимоти гаронҳаҷми ҳарбӣ истифода мешуд. Он рӯзи сешанбе дар минтақаи Тулаи ҷануби Маскав ба ҳангоми наздик шудан ба пойгоҳи низомии ҳавоӣ воқеъ дар минтақаи шимолуғарбии Твер суқут кард. Ин ҳавопаймо гурӯҳи дуюми халабонҳоро ба пойгоҳ интиқол медод. Ҳанӯз дар бораи иллатҳои ин сонеҳа иттилои мушаххас дар даст нест.
XS
SM
MD
LG