Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи як ҳизби калидӣ аз эътилофи ҳокими Покистон


Як ҳизби калидӣ ба далели камбуди пешрафт дар ҳалли мушкилоти кишвар аз эътилофи ҳокими Покистон хориҷ шуд. Ҷунбиши муттаҳидаи қавмӣ(MQM) гуфт, ду вазир, ки аз ин ҷунбиш намояндагӣ мекарданд, бояд истеъфои худро расмӣ кунанд. Вале ин ҳизб тавзеҳ додааст, ки ҳанӯз ба сафи мухолифин пайвастанӣ нест. Ин дар ҳолест, ки чанд ҳафта пеш Ҷамъияти уламои ислом, мӯътабартарин ҳизби мазҳабии Покистон, низ аз эътилофи ҳокими таҳти раҳбарии ҳизби мардумии раиси ин ҷумҳурӣ Осифалӣ Зардорӣ хориҷ шуд.
XS
SM
MD
LG