Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони дифоъ бознигарии ҳукмро талаб хоҳанд кард


Вакилони дифоъи раҳбарони пешини ширкати “ЮКОС” Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев бознигарии ҳукми додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскавро талаб хоҳанд кард. Дар ин бора вакилони дифоъ баъд аз эълони ҳукм хабар доданд.
Имрӯз дар мурофиаи дуввуми додгоҳӣ Ходорковский ва Лебедев дар яғмои 218 миллион тонна нафт муттаҳам шуданд. Додситонӣ талаб дорад, ки Ходорковский ва Лебедев барои 14 солӣ маҳкум ба зиндон шуда, дар маҷмӯъ то соли 2017 дар зиндон бимонанд.
Ва аммо аз нигоҳи мухолифони ҳукумат, парвандаи Ходорковский ва Лебедев ангезаи сиёсӣ дорад. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, имрӯз дар канори бинои додгоҳи минтақаи Хамовникӣ тақрибан ҳазор нафар бо шиорҳо ва талаби раҳоии Ходорковский ва Лебедев ҷамъ омаданд. Раҳбарони ҳизби оппозитсионии “Барои Русия бидуни хушунат ва фасод” Михаил Касянов, Владимир Милов, Борис Немтсов ва Владимир Рижков бо нашри як изҳорот ҳукми нави додгоҳ дар баробари Ходорковский ва Лебедевро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG