Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул ба истирдоди шаҳрвандони Афғонистон иҷоза надод


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз чаҳор нафар аз ҳафт фирории маҳбаси Душанбе, ки дар Афғонистон боздошт шудаанд, аз Кобул ба Душанбе интиқол ёфтанд. Сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Нозирҷон Бӯриев, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷумла Ҳикмат Азизов, муллаққаб ба «Кӯри Малиш», бародари фармонедҳи пешини мухолифон Неъмат Азизов, ки соли гузашта дар Тавилдара кушта шуд, ба Душанбе истирдод шуд. Ин иқдом дар чаҳорчӯби созишномаҳои ҳамкории дуҷонибаи амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон сурат гирифтааст. Ҳафт фирории маҳбаси Душанбе рӯзи 18-уми декабр дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор, дар шимоли Афғонистон боздошт шудаанд. Онҳо аз ҷумлаи 25 нафаре ҳастанд, ки 23-юми август аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъд аз қатли 6 нигаҳбон фирор карданд.
XS
SM
MD
LG