Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се донишҷӯи рус дар оташсӯзии хобгоҳ


Оташсӯзӣ дар як хобгоҳи донишҷӯёни рус дар шаҳри Челябински Русия ҷони се донишҷӯро гирифт. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, вақти вуруди оташнишонҳо ба маҳалли оташсӯзӣ яке аз ҳуҷраҳои хобгоҳ дар коми оташ буд ва аз дохили он ҷасади се духтарро ёфтаанд, ки аз рустоҳои наздик барои таҳсил ба шаҳр омада буданд. Дигар касе дар ин оташсӯзӣ осеб надидааст ва сабабҳои ҳодисаро низ то кунун эълом накардаанд.
XS
SM
MD
LG