Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Гулбиддин Ҳикматёр аз сохтмони лулаи газ ҳимоят кард


Як ҷиноҳи шӯришиёни афғон изҳор доштааст, ки аз тарҳи сохтмони лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон ҷонибдорӣ мекунад. Сохтмони ин лулаи газ чанд миллиард доллар арзиш дорад. Ҳизби Исломии Афғонистон ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр дар ин бора рӯзи шанбе изҳори назар кард ва гуфт, ки ба таври довталабона амнияти ин луларо бар дӯш мегирад. Ин чаҳор кишвар моҳи ҷорӣ санади муқаддамотиро дар бораи оғози сохтмони лулаи газ имзо карданд. Аммо Ҳизби Исломии Гулбиддин Ҳикматёр ҳамаи манотиқеро, ки аз он лулаи газ мегузарад, зери контрол надорад.
XS
SM
MD
LG