Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

ИМА натиҷаҳои таҳқиқи вазъи Афғонистонро нашр кард

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, гуфт, ҷанги Афғонистон ба ҳайси "як маъракаи хеле мушкил" боқӣ монда, аммо кишвараш аз роҳи расидан ба ҳадаф берун нагаштааст. Обама дар расми нашри натиҷаҳои бознигарии вазъ дар Афғонистон гуфт:

"Ин ҳамоно як маъракаи хеле душвор хоҳад буд. Аммо метавонам, бо ташаккур аз хидмати фавқулодаи нерӯҳо ва мутахассисонамон гузориш диҳам, ки мо дар роҳи расидан ба ҳадафем."

Бино ба баррасӣ, Вашингтон дар роҳ ба сӯи хуруҷи бархе аз нирӯҳо дар моҳи июли соли 2011 аст. Обама гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар шикасти шабакаи террористии Ал-Қоида пешрафтҳои муҳиме кард, аммо торумори он фурсат мехоҳад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

НАСА барномасозони тоҷикро ба озмун даъват мекунад

Барои иштирок дар озмуни байналмилалии "NASA Space Apps 2022" сабти ном оғоз шудааст.

"Гӯшаи амрикоӣ" дар Душанбе бо нашри хабарномае иттилоъ додааст, ки ҳакатони бузургтарин дар ҷаҳон дар Душанбе рӯзҳои 1-2 октябр баргузор мешавад. Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд қаблан худро дар сомонаи ин озмун сабтином кунанд.

Дар хабарнома гуфта шудааст, "Space Apps ин чорабинии ҷаҳонӣ барои барномасозон, илмомӯзон, тарроҳон, ҳикоянависон, созандагон, технологҳо ва ғайра дар шаҳрҳои саросари ҷаҳон аст, ки дар он дастаҳо маълумоти ройгон ва дастраси NASA -ро барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар Замин ва кайҳон истифода мебаранд".

Хароҷоти ҳамаи иштирокчиён аз ҷониби баргузоркунандагони озмун пардохт карда мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои ҳакатон 2500 долларро ташкил медиҳад ва агар дастае ба 10 тими беҳтарини ҷаҳон дохил шавад, метавонад ба қароргоҳи NASA дар Амрико равад.

Ба гуфтаи манбаъ, хоҳишмандон метавонанд ба таври гуруҳӣ дар озмун ширкат кунанд. Шарти асосӣ ин аст, ки дастаро дар саҳифаи интернетии Space Apps: spaceappschallenge.org сабти ном кунанд.

Лоиҳаҳои таҳияшуда аз ҷониби доварони маҳаллӣ барои муайян кардани номзадҳои ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон баҳогузорӣ хоҳанд шуд ва сипас коршиносони NASA онҳоро баррасӣ карда, барандагони ҷоизаи ҷаҳониро эълон мекунанд.

Қазоқистон тартиби додани иҷозати иқоматро тағйир медиҳад

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ба қоидаҳои додани иҷозати зисти муваққат ё доимӣ барои хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар он кишвар тағйирот ворид кунад.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо дар сомонаи "Open NLA" нашр шудааст. Тибқи тағйиру иловаи пешниҳодӣ, ҳангоми дархости иҷозати зист дар Қазоқистон бояд шиносномаи хориҷӣ пешниҳод карда шавад, зеро бар асоси банди 13-и қонун "Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият", Қазоқистон танҳо шиносномаи хориҷиро эътироф кардааст.

Ин лоиҳаи қонун 6 рӯз баъд аз фармони президенти Русия Владимир Путин дар бораи басиҷ, ки боиси афзоиши сафари русиягиҳо ба Қазоқистон шуд, пешниҳод мешавад. Лоиҳа то 10 октябр дар баррасии ом қарор дорад.

Ба иттилои "Pasportist", дар соли 2022 танҳо 30 дарсади шаҳрвандони Русия шиносномаи хориҷӣ доранд.

Бародарзодаи Нурсултон Назарбоев 6 сол зиндонӣ шуд

Кайрат Сатибалдӣ.

Додгоҳи ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон Кайрат Сатибалдӣ, бародарзодаи президенти пешин Нурсултон Назарбоевро барои 6 сол зиндонӣ кард.

Бародарзодаи Назарбоев дар азхудкунии 12,7 миллиард тангаи "Қазоқтелеком" ва 28,6 миллиард тангаи "Маркази хадамоти нақлиёт"-и Қазоқистон айбдор мешуд. Худи ӯ пештар дар додгоҳ ғорати маблағҳои ширкатҳоро эътироф карда буд.

Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон 13 марти имсол Кайрат Сатибалдиро, ки ба гуфтаи мақомот, мехост, кишварро ба қасди Дубай тарк кунад, дастгир кард. Он замон гуфта мешуд, ки Сатибалдии 51-сола дар "сӯистифода аз мақом ва дуздии дороиҳои ширкати мухобиротии "Қазоқтелеком" дар ҳаҷми махсусан калон" айбдор мешавад.

Дар хадамот гуфта буданд, ки Кайрат Сатибалдӣ "ба халалдор кардани амнияти давлат" низ айбдор мешавад.

Қаблан расонаҳо Кайрат Сатибалдиро ягона муассиси ширкати оффшории "Skyline Investment Company S.A." номида буданд. Forbes Kazakhstan дороии Сатибалдиро 163 миллион доллар арзёбӣ ва ӯро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид карда буд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабари Радиои Озодиро рад кард, аммо...

Исфара, марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабари Радиои Озодиро дар бораи он ки сарҳадбонони қирғиз ба деҳаи Сомониён (ҷамоати Чоркӯҳи Исфара) аз миномёт оташ кушодаанд, рад кард. Раёсати иттилоот ва иртибототи ин ниҳод мегӯяд, сокини деҳаи Сомониён дар минае таркидааст, ки марзбонони Тоҷикистон дар наздикии сарҳад гузоштаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, вазъ дар марзи миёни ду кишвар то соати 21:00-и 26-уми сентябри соли 2022 муътадил буда, ҷониби Қирғизистон созишҳои дуҷонибаи бадастомадаро эҳтиром ва риоят мекунад. Дар идома гуфта шудааст, аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, таваҷҷуҳро ба расонаҳое, ки бо пахши "маълумоти бардурӯғ, ки боиси барангехтани низоъҳои қавмӣ ва иғвогарона дар сарҳади муштаракан ҳифзшаванда мегардад, ҷалб кунанд."

Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳамчунин гуфтааст, ки “маълумоти дар сомонаи Ozodi.org нашршуда аз ҷониби намояндагони мақомоти исфарагии марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар мақомоти салоҳиятдор тасдиқ нашудаанд.”

Ин ниҳод ҳамчунин иттилоъ додааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар минаи насбкардаи марзбонони Тоҷикистон таркида маҷруҳ гаштааст. Аммо шарҳ дода нашуд, ки ду таркиши дигар аз кадом ҳисоб ба амал омадаанд.

Пас аз нимирӯзии 26-уми сентябр Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки ба самти деҳаи Сомониён дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, аз миномёт се зарба зада шуд. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар деҳаи Сомониён гуфтанд, мушакҳо соати даҳи рӯз афтоданд.

"Бахтиёр, писари омӯзгор Олимҷон Орифов, захмӣ шуд ва ӯро ба шифохона бурданд," – гуфт яке аз мусоҳибони мо. Ба гуфтаи шоҳидон, Бахтиёр дар ҳоле захмӣ шуд, ки бо гуруҳи калони мардони деҳа ба тоза кардани шикастпораҳои хонаҳо машғул буданд.

"Издиҳоми одамон ё ҳашарчиён дар Сомониёни Боло калонтар буд ва ба ин ҷо ду мина афтода таркид. Як минаи дигар ба Сомониёни Поён исобат кард," -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаи дигар дар мақомоти вилояти Суғд низ мушакпарониро тасдиқ кард. Вай гуфт, барояш чунин маълумот расондаанд, вале тафсилот надорад. "Ҳоло низомиён ва маъмурони милиса ба ҷои ҳодиса рафта, пайи баррасии воқеа ҳастанд. Ҳашарчиёнро муваққатан аз минтақа берун бурданд," – афзуд ӯ.

Пас аз нашр шудани изҳороти Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, Радиои Озодӣ бо як намояндаи мақомоти давлатӣ дар ин ҷо дар тамос шуд ва ӯ партоби снаряди минометро тасдиқ кард. "Сокинони инҷо дар муайян кардани навъи силоҳе, ки аз он оташ кушода мешавад, таҷрибаи бой доранд ва шунидаанд, ки пеш аз таркиш садои партоб шудани мина баланд гаштааст", - гуфт ӯ ва афзуд, "раддия барои он аст, ки иҷро накардани шартнома боиси шармсории тарафест, ки ба қувваҳояш назорат карда наметавонад."

Ҳарчанд тарафи Қирғизистон мегӯяд, гуё мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара низ зарбаи минометро рад кардаанд, чунин раддия аз номи онҳо ба Радиои Озодӣ ворид нашудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр санади қатъи муноқишаро дар марз имзо карда, барои бардоштани ҳашт посгоҳи ба гуфтаашон "дардисарсоз" аз ду тараф розӣ шудаанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо созиш кардаанд, ки дар қитъаҳои марзие, ки бештари вақт низоъ онҷо рух медиҳад, дурбинҳои назоратӣ насб кунанд.

"40 000 шаҳрванди Русия тавассути Қазоқистон ба ҷойи дигар рафтанд"

Марзи Русия ва Қазоқистон. 22-юми сентябри 2022

Дар рӯзҳои охир наздик ба 40 ҳазор шаҳрванди Русия тавассути Қазоқистон ба кишварҳои дигар рафтаанд. Самти асосии сафари шаҳрвандони Русия Қирғизистон ва Узбекистон будааст.

"Дар 5 рӯзи охир қариб 6 ҳазор шаҳрванди Русия аз Қазоқистон тавассути фурудгоҳҳо ба кишварҳои дигар рафтаанд," -- хабар дод Аслан Аталиқов, як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон.

Афзоиши сафари русиягиҳо ба Қазоқистон ба далели ҳамсоя будани Русия бо Қазоқистон аст, гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон.

То рӯзи 21-уми сентябри имсол ҳудуди 9/12 ҳазор русиягӣ ба Қазоқистон ворид ва аз он хориҷ мешуданд. Рӯзи 22-юми сентябр ин нишондод якбора ду баробар афзудааст.

Эътироз дар даҳҳо шаҳри Эрон доман паҳн кардааст. ВИДЕО

Тазоҳуроти норозиён дар Эрон

Эътирозҳо дар шаҳру вилоятҳои Эрон идома доранд. Дар наворҳо дида мешавад, ки пулиси Эрон ба самти тазоҳургарон тир меандозад.

Эътирозҳо рӯзи 16-уми сентябр, баъди марги Маҳсо Аминии 22-сола шуруъ шуд. Ӯро пулис барои “бадҳиҷобӣ” дастгир карда буд. Манбаъҳои расмӣ шумори кушташудаҳоро дар эътирозҳо 41 нафар гуфтаанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, теъдоди онҳо бештар аст.

Нед Прайс, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, гуфт, зӯроварӣ як нишонаи ҷумҳурии мардсолори Эрон аст.

“Ин як воқеияти одист. Маҳсо Аминӣ бояд зинда мемонд. Ягона сабаби марги ӯ шиканҷаи бераҳмонаи пулиси ба ном ахлоқ аст. Онгуна, ки мебинем саркӯб ва бераҳмиро ҳукумати Эрон алайҳи шаҳрвандони худ идома медиҳад,” – афзуд ӯ.

Ба нишони эътироз ба марги Маҳсо Аминӣ занони эронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр карданд, ки дар он мӯйи худро қайчӣ мезананд.

Насиба Шамсоӣ, фаъоли ҳуқуқи зан, дар назди консулгарии Эрон дар Истанбул бо шиори “Озодӣ” мӯйи худро бурид. Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон занон бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мӯйи худро намоиш надиҳанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Эътироз дар Эрон дар даҳҳо шаҳр доман паҳн кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, дар ҷаласаи Созмони Милал гуфт, аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ ҳимоя мекунад. Роберт Менедес, вакили Маҷлиси Намояндагони Амрико, мегӯяд, Раисӣ дар дунёи дигар зиндагӣ мекунад.

Ӯ афзуд: “Медонед, марги зани 22-сола аз ҷониби пулиси ахлоқ як намунаи он аст, ки дар Эрон ҳуқуқи инсон аҳамият надорад ва занони эронӣ наметавонанд, аз ҳуқуқи худ дар ҷомеа баҳра баранд. Ин ба он маъно аст, ки пулро на барои таъмини аҳолӣ, балки барои мусаллаҳ кардани гурӯҳҳое сарф менамоянд, ки амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд.”

Сенатор Роб Портман изҳороти президент Ҷо Байденро дар Маҷмааи Умумии Созмони Милал шарҳ дод, ки гуфт, дипломатия беҳтарин роҳи бархӯрд бо Теҳрон аст.

Дар ҳоли ҳозир таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба эътирозҳои Эрон, аз ҷумла дар Ню-Йорк нигаронида шудааст. Эътирозҳое, ки бар асари марги Маҳсо Аминӣ сар зад. Теҳрон мегӯяд, ӯ аз сактаи дил фавтид, вале хонаводааш бовар надоранд.

Тифлеро, ки зери садои тиру туфанг ба дунё омад, Сулҳия ном гузоштанд. ВИДЕО

Сулҳия зери садои тиру туфанг ба дунё омад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Тифлеро, ки шаби 16-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар Чашмасори Чоркӯҳ ба дунё оад, Сулҳия ном гузоштаанд. Ба хотире, ки дигар ҷанг такрор нашавад.

Шероз Ҷамолов, тағои Сулҳия, рӯзи 26-уми сентябр гуфт, "ҳамон шаб хоҳарам занг зад. Рӯшноии мошинро хомӯш карда, ҷонамро дар хатар гузоштаму омадам. На барқ буд на ҳеч чиз. Ба рӯшноии чароғи телефон таваллуд шуд. Бо миномёту гранатомёт мезаданд."

Хонаводаи Сулҳия мегӯянд, он шаб дар таҳхона пинҳон шуданд ва умед доштанд, ки тирандозӣ бас мешавад, вале то рӯзи 17-уми сентябр идома кард. Он рӯз на ҳар кас имкони аз деҳа берун шудан дошт.

Муноқишаи рӯзи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон риштаи умри даҳҳо нафарро бурид.

Дар миёни садои мотам аз хонаводаҳои қурбониён гиряи Сулҳия умед ба зиндагиро дар ин хонавода бештар кардааст.

Дар Қирғизистон “дурӯғбофон”-ро барои хидмат дар марз мефиристанд

Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, ба Вазорати дифои кишвараш дастур додааст, "шаҳрвандонеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи бардоштани дидбонгоҳҳо ва гуё додани замин хабари нодуруст паҳн мекунанд, ба сафи нерӯҳои захиравӣ ҷалб кунанд". Дар ин бора Эрбол Султонбоев, сухангӯи президенти Қирғизистон, рӯзи 26-уми сентябр хабар дод.

Ба гуфтаи Султонбоев, дастур шудааст, ки "ба дасти онҳо силоҳ дода, то анҷоми муайянсозиву аломатгузории марз ба адои хидмати ҳарбӣ фиристанд".

"Агар мо ҳатто як метр заминро дода бошем, бигзор аз ҳамон ҷо инро исбот кунанд. Бигзор касоне, ки иттилои нодуруст паҳн мекунанд, шахсан аз ҳаводис огоҳ шаванд. Ду ҷониб дидбонгоҳҳоеро бардоштанд, ки дар наздикии ҳам ҷойгир буданд. Онҷо ба далелҳои ночиз доим тирпарронӣ рух медод, ки баъзан боиси низои бузург мешуд,” -- гуфтааст Ҷабборов.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бо ҷониби Қирғизистон санади "қатъи муноқишаи марзиро" имзо карданд, вале тафсилоташро ошкор накарданд. Вохӯрии ҷонибҳо рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи "Қизилбел" баргузор шуд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ду тараф ҳашт посгоҳро “мебардоранд”.

Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.

Бонки Ҷаҳонӣ ба зарардидагони Покистон $2 млрд. ёрӣ мекунад

Осебдидагон аз борону сел дар Покистон

Бонки Ҷаҳонӣ ба осебдидагон дар Покистон 2 миллиард доллар ёрӣ хоҳад кард.

Борону сели чанд моҳи охир дар он кишвар боис ба марги тақрибан 1600 кас шуда, ҳазорҳоро нафари дигарро бехонаву дар кардааст. Ҳукумати Покистон имкон надорад, ба ҳамаи зарардидагон ёрӣ расонад.

Ноиб-президенти Бонки Ҷаҳонӣ Мартин Райзер рӯзи 24-уми сентябр ба Покистон рафт ва бо вазъи офатзадагон шинос шуд. Райзер ваъда дод, ки мадади Покистонро аз 850 миллион доллар ба 2 миллиард доллар хоҳад расонд.

Дар вилоятҳои Синд ва Балуҷистони Покистон 33 миллион кас аз офатҳо зарар диданд. Роҳҳо ва дигар зерсохторҳо тахриб шуданд. Заминҳои кишт зери обу лой монданд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз хатари паҳншавии бемориҳо ҳушдор дод.

Рӯзи 23-юми сентябр дар вилояти Синд ба ҳукумати марказии Покистон муроҷиат карда, хоҳони ирсоли пизишкон барои мубориза бо вараҷаву дарунравӣ шуданд.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар ин вилоят 600 нафар аз бемориҳои гуногун фавтида, 300 каси дигар ба вараҷа мубтало шудааст. Дар вилоят 25 ҳазор кӯдак гурусна аст.

Пештар аз ин, дабири кулли Созмони Милал Антонио Гутерриш гуфта буд, ки барои барқарории Покистон 30 миллиард доллар зарур аст.

Зеленский гуфт, кишвараш шоҳиди "натиҷаҳои мусбат" аст.

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 25-уми сентябр гуфт, дар ҷабҳаи ҷанг бо Русия набардҳои сахте идома доранд, вале кишвараш шоҳиди “натиҷаҳои мусбат” аст.

Ӯ дар муроҷиати шабонаи видеоиаш гуфт, ки нерӯҳои Украина дар вилоятҳои Донетск, Харков, Миколаев ва Запорожйе пешравӣ доштаанд.

Мақомоти дастнишондаи Русия дар вилоятҳо барои ҳамроҳ шудан ба қаламрави Русия ба истилоҳ раъйпурсӣ баргузор мекунанд.

Ҷомеаи байнулмилалӣ ин раъйпурсиро “сохта” хондаанд.

Айни замон Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии ҳукумати Амрико, гуфтааст, агар Русия дар Украина аслиҳаи атомӣ ба кор барад, ба “посухи қотеона”-и Амрико ва “пайомадҳои фалокатбор” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Эрон идома кард

Эътирозгарон дар кӯчаҳои Теҳрон

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон шаби гузашта ҳам идома кард ва бо вуҷуди онки мақомот гуфтаанд, саркӯби тазоҳургаронро сахттар мекунанд.

Тазоҳурот 10 рӯз пеш ва баъди он сар зад, ки як духтари эронӣ дар натиҷаи латукӯби пулис, ки ӯро барои ба гуфтаи онҳо “бадҳиҷобӣ” боздошт кард, даргузашт.

Шоми 25-уми сентябр донишҷӯён дар Донишгоҳи Теҳрон ҷамъ омада ва бо шиори “озодӣ, озодӣ” тазоҳурот карданд.

Раҳбари Қувваи қазоӣ ё Вазорати адлияи Эрон гуфт, ки ба тазоҳургарон амон намедиҳанд ва онҳоро саркӯб хоҳанд кард.

Дар натиҷаи тазоҳуроти 10-рӯза то кунун ба гуфтаи мақомот 41 нафар кушта шудаанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, теъдоди қурбониён зиёдтар аст, зеро эътироз ба 80 шаҳру маҳаллаҳои кишвар доман задааст.

Истеъфои Равшанбек Собиров: "Шарҳҳои манфӣ" ё "ҷанҷоли марзӣ"?

Равшанбек Собиров (аз тарафи чап)

Равшанбек Собиров, вакили пешин ва раиси ҷомеаи тоҷикони Қирғизистон, дар бораи истеъфояш аз мансаби раиси Оҷонси миллии сармоягузории он кишвар изҳори назар кард.

Сомонаи президенти Қирғизистон рӯзи 26-уми сентябр навишт, ки ӯ “бо хоҳиши худ” аз мақом рафт. Худаш ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди як силсила “шарҳҳои манфӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим гирифт, мақомашро тарк кунад.

“Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти манфии зиёд паҳн мешавад. Намехоҳам, бо айби ман ба кори роҳбарияти кишвар соя афтад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ихтиёрӣ аз вазифаи раиси Оҷонси миллии сармоягузорӣ истеъфо диҳам,” – гуфт Равшанбек Собиров. Вале тафсилот надод, ки дар бораи чӣ гуна шарҳҳои манфӣ гап мезанад.

Тасмими сиёсатмадор дар пасманзари муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эълон шуд, вале худаш гуфтааст, истеъфои ӯ ба даргирии мусаллаҳона дар марз рабт надорад. “Ман то ҳадди мумкин кор кардам. Ҳоло мехоҳам, саломатиамро беҳбуд бахшам,” – илова кардааст ӯ.

Равшанбек Собирови 52-сола, раиси созмони тоҷикони Қирғизистон, дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уш ба дунё омадааст.

Дар соли 2011 аввалин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон буд, аммо дар соли 2013 боздошт ва бо гуноҳи ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро сохтакорӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.

Аз 11-уми марти соли 2022 дар мансаби раиси Оҷонси миллии сармоягузории Қирғизистон кор мекард. Пештар аз ҷониби ҳизби "Ота Ҷурт" вакили порлумон интихоб шуда, пас аз ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 ва то замони таъини ҳукумати нав дар Қирғизистон дар соли 2021 дар вазифаи муовини нахуствазир кор кардааст.

13 кушта дар тирпарронӣ дар як мактаби Ижевск

Маҳалли ҳодиса

Бар асари тирпарронӣ дар як мактаби миёна дар Ижевски Русия 13 нафар, аз ҷумла 7 хонандаи мактаб, ду маъмури амният ва ду омӯзгор кушта шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 26-уми сентябр рӯй дод. Ҳамлавар худкушӣ кардааст. Вазорати корҳои дохилии вилояти Ижевск дар бораи 20 осебдида хабар дод.

Дар саҳифаи "Baza" дар Телеграм иттилоъ доданд, ки ҳамлагар аз ду туфангчаи Макаров тир холӣ кардааст.

Дар минтақа мотами серӯза эълон карданд. Ҳодисаро Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишот дар Маскав таҳқиқ мекунад.

Сабабҳои тирпарронӣ дар мактаб маълум нест.

Пас аз чанд ҳамла ба мактабҳои Русия, хадамоти амниятии он кишвар пайваста дар бораи боздошти шахсони гумонбар ба тарҳрезии ҳамлаҳои монанд гузориш медиҳанд.

Сокинон аз зарбаи мушакӣ ва захмӣ шудани як нафар дар Чоркӯҳ хабар доданд

Исфара, марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сокинони деҳаи Сомониён дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, гуфтанд, ки рӯзи 26-уми сентябр бар асари зарбаи мушакӣ як нафар захмӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодаанд. Сокинони деҳаи Сомониён мегӯянд, "аз тарафи Қирғизистон се мушак омад."

Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби 25-уми сентябр вазъро дар сарҳад бо Тоҷикистон муътадил арзёбӣ карда буд, вале дар бораи ҳодисаи рӯзи душанбе ҳанӯз чизе нагуфтааст. Дар гузашта ду тараф якдигарро барои таҳрик додану тирпаронӣ гунаҳкор кардаанд.

Се ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар деҳаи Сомониён гуфтанд, мушакҳо соати даҳи рӯзи душанбе афтоданд. "Бахтиёр, писари омӯзгор Олимҷон Орифов, захмӣ шуд ва ӯро ба шифохона бурданд," – гуфт яке аз мусоҳибони мо.

Ба нақли ӯ, мушак замоне партоб шудааст, ки "мардуми Чоркӯҳ барои ба тартиб овардани мавзеъҳои зарардида ҷамъ омада буданд."

Вай гуфт, "се рӯз боз дар маҳаллаи Сомониён ҳашар идома дошт ва баъди мушакпаронӣ мардум пароканда шуданд."

Манбаи дигар дар мақомоти вилояти Суғд низ мушакпарониро тасдиқ кард, вале тафсилот надод. "Ҳоло низомиён ва маъмурони милиса ба ҷои ҳодиса рафта, пайи баррасии воқеа ҳастанд. Ҳашарчиёнро муваққатан аз минтақа берун бурданд," – афзуд ӯ.

Ҳодиса пас аз он рӯй дод, ки Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр санади қатъи муноқишаро дар марз имзо карда, барои бардоштани ҳашт посгоҳи ба гуфтаашон "дардисарсоз" аз ду тараф розӣ шудаанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо созиш кардаанд, ки дар қитъаҳои марзие, ки бештари вақт низоъ онҷо рух медиҳад, дурбинҳои назоратӣ насб кунанд.

  • Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.
  • Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.
  • Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон барои насби дурбинҳо созиш кардаанд

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нуктаҳои дигари санадеро шарҳ дод, ки рӯзи 25-уми сентябр миёни раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо шуд.

Ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки на танҳо марзбононро аз баъзе посгоҳҳо берун оранд, балки нигаҳдории марзро ба дӯши нерӯҳое гузоранд, ки дар сарҳад рафту омад кунанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо созиш кардаанд, дар қитъаҳои марзие, ки бештари вақт низоъ онҷо рух медиҳад, дурбинҳои назоратӣ насб кунанд.

"Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба сокинони Тоҷикистону Қирғизистон дар амалисозии фаъолияти кишоварзӣ дар заминҳои пештар истифодашавандаи Тамдиқ (Қирғизистон) - Бедак (Тоҷикистон) ва Булак-Бошӣ" (Қирғизистон), Кех "Тоҷикистон" мусоидат хоҳанд кард. Кори гуруҳи муштарак барои берун бурдани неруҳо ва техникаи низомии изофӣ идома хоҳад кард", - омадааст дар хабарномаи КДАМ Қирғизистон.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо ҷониби Қирғизистон санади "қатъи муноқишаи марзиро" имзо карданд, вале тафсилоташро ошкор накарданд. Вохӯрии ҷонибҳо рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи "Қизилбел" баргузор шуд.

Дар иттилоияи ҷудогонаи ҳукумати Суғд танҳо дар бораи берун бурдани техникаҳои иловагии ҳарбӣ аз марз суҳбат шудааст. Ҷонибҳо рӯзи 19-уми сентябр низ барои берун бурдани нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҳарбӣ аз марз ба созиш расида буданд, вале маълум нест, чаро иҷро нашуд.

Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.

Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.

Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд.

Ҳашт медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи IV бози қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 23-25-уми сентябр дар маҷмааи варзишии “Афросиёб Арена”шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд, ҳашт медал (ду тило, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз шаш кишвари Осиёи Марказӣ - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин Филиппин, Тайланд ва Малайзия ширкат варзиданд.

Варзишгарон дар давидан ба масофаҳои мухталиф, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, ҳаво додани найза, гулӯлапартоӣ ва гурзандозӣ рақобат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов 15 варзишгар дохил буд.

Фаворис Музрапов дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 21,75 сония мақоми аввалро касб кард ва бо медали тило сарфароз гашт.

Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 73 сантиметр ҷойи аввалро гирифт ва бо медали тило мукофотонида шуд.

Се медали нуқраро Илдар Аҳмадиев дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 21,97 сония, Леонид Пронженко дар давидан ба масофаи 110 метр бо монеа бо натиҷаи 15,29 сония, инчунин дастаи мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4Х100 метр бо натиҷаи 41,50 сония соҳиб шуданд.

Се медали биринҷиро бошад, Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷои 22,17 сония, Зуҳуршоҳи Наҷмиддин дар давидан ба масофаи 3000 метр бо монеа бо натиҷаи 9 дақиқаю 44,32 сония ва дастаи мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4Х400 метр бо натиҷаи 3 дақиқаю 20,42 сония ба даст оварданд.

Равшанбек Собиров, мансабдори тоҷиктабор дар Қирғизистон, аз мақомаш барканор шуд

Равшанбек Собиров

Равшанбек Собиров, мансабдори тоҷиктабор дар ҳукумати Қирғизистон, аз мақомаш барканор шудааст.

Сомонаи президенти Қирғизистон рӯзи 26-уми сентябр хабар дод, ки Собиров “бо хоҳиши худ” аз мақоми мудири Оҷонси миллии сармоягузорӣ рафт.

Эълони рафтани ӯ пас аз муноқиша дар сарҳад бо Тоҷикистон ва хабарҳо дар мавриди фишор ба тоҷикон дар Қирғизистон нашр шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта аз азияту озори тоҷикон дар Қирғизистон хабар дода буд. Мақомоти Қирғизистон инро рад карда, баръакс, аз фишор ба қирғизҳо дар Тоҷикистон мегӯянд.

Равшанбек Собиров 52-сола аст ва дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уш ба дунё омадааст. Аз моҳи августи соли 2008 раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба уҳда дорад.

Ӯ дар соли 2011 нахустин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон буд, вале дар соли 2013 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сохаткорӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.

Дар Қазоқистон беш аз 1,5 ҳазор гумонбарро афв мекунанд

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 23-юми сентябр дар чаҳорчӯби тарҳи қонуни афви гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи ин кишвар санадеро таҳия ва барои баррасии умум пешниҳод кардааст.

Ба иттилои манбаъ, қонуни афв нисбати беш аз 1,5 ҳазор ҳазор сокини Қазоқистон татбиқ хоҳад шуд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи додситонҳои қазоқ, 383 гумонбар ва 1035 айбдоршуда, ки 93 нафарашон ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, афв карда мешаванд.

Додситонии кулли Қазоқистон пешниҳод кардааст, ҳамаи онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин содир накардаанд, афв шаванд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қаблан барои иштирокдорони ҳодисаҳои моҳи январ афви якдафъаина ваъда кард. Ӯ низ гуфт, афв ба шаҳрвандоне дахл хоҳад дошт, ки ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла хиёнат ба давлат ва кушиши ғасби қудрат аз роҳи хушунат айбдор намешаванд.

Беш аз 80 ҳазор сокини Бодканд ба хонаҳои худ бармегарданд

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Беш аз 80 ҳазор сокини вилояти Бодканди Қирғизистон, ки дар пайи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон ба ҷои амн кӯчонида шуда буданд, ба хонаҳои худ бармегарданд.

Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, дар умум 136 ҳазору 770 сокини Бодканд ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудааст.

Манбаъ афзуд, ки то имрӯз 1 ҳазору 435 тонна кумаки башардӯстона ба сокинони ин вилоят фиристода шудааст.

Дар натиҷаи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон 613 хонаи шаҳрвандони Қирғизистон осеб дидааст. Мақомоти қирғиз ваъда додаанд, ки ин хонаҳоро дар давоми 2-3 моҳ барқарор мекунанд.

Мақомоти Қирғизистон қаблан хабар дода буданд, ки 16 сентябр дар пайи тирпарронии навбатӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ҳудуди 140 ҳазор сокини вилояти Бодкандро ба ҷои амн кӯчониданд.

Басиҷсозӣ дар Русия меҳмонхонаҳои Тошкандро сермуштарӣ кардааст

Меҳмонхонаи "Узбекистон" дар Тошканд.

Ҳамаи билетҳои парвозҳои мустақим аз шаҳри Москва ба шаҳрҳои Боку, Тошканд ва Ереванд 21 сентябр баъди эъломи президенти Русия Владимир Путин дар бораи басиҷсозӣ харидорӣ шудаанд. Нархи билети парвоз аз Москва ба Тошканд рӯзи 22 сентябр то ба 9 ҳазор доллари амрикоӣ расида буд.

"Агар мехоҳед, аз фурудгоҳи "Внуково" ба Тошканд парвоз кунед, нархи билет 603 ҳазору 50 рубл аст. Довталабони сафар ба Тошканд хеле зиёд аст. Аз субҳ то ҳол беш аз 200 кас барои билет занг задааст", - изҳор дошт блогери узбек Фарҳод Темиртирнаков, ки дар Русия бо фурӯши билет машғул аст.

Арзиши хидматрасонӣ дар меҳмонхонаҳои шаҳри Тошканди Узбекистон ҳам якбора гаронтар шудааст. Дар баъзе аз меҳмонсаройҳо ҳуҷраҳои холӣ намондааст. Корманди яке аз меҳмонхонаҳои Тошканд дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, "ҳама ҳуҷраҳо то охири моҳи сентябри имсол фармоиш шудаанд".

Владимир Путин 21 сентябр фармон дар бораи басиҷсозии низомиро имзо кард. Бино ба фармони имзошуда, шаҳрвандоне басиҷ мешаванд, ки хидмати низомӣ кардаанд. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, дар маҷмуъ 300 ҳазор низомӣ аз ҳисоби неруҳои захиравӣ басиҷ карда мешаванд.

Навбатпоиҳо барои тарки Русия дар марзи Қазоқистон

Марзи Русия ва Қазоқистон.

Ихтиёриёни ҳаракати минтақавӣ барои ҳарчи зудтар гузаштан аз марзи Русия автобусҳо, таксиҳои дастаҷамъӣ ва ҳатто иҷораи дучархаҳоро ташкил кардаанд.

Бахши тоторӣ-бошқирии Радиои Озодӣ бо истинод ба онҳое, ки марзи Русия ва Қазоқистонро убур мекунанд, навиштааст, "се рӯз мешавад, одамон барои гузаштан аз марзи Русия ва Қазоқистон дар гузаргоҳи "Караозек" дар вилояти Астрахан соатҳо навбат мепоянд".

Дар гузаргоҳҳои марзии Русия бо кишварҳои дигаре, ки бо онҳо низоми бидуни раводид амал мекунад, вазъи ҳамсон мушоҳида мешавад. Ин навбатпоиҳо барои тарки Русия баъди эъломи басиҷсозӣ ба миён омадаанд.

Президенти Русия Владимир Путин 21 сентябр фармон дар бораи басиҷсозиро имзо кард. Бино ба фармони имзошуда, шаҳрвандоне басиҷ мешаванд, ки хидмати низомӣ кардаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон барандаи “King’s Cup 2022” дар Тайланд шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи 48-уми байнулмилалии “King’s Cup 2022” тими миллии Малайзияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:0 (замони асосӣ 0:0) шикаст дод ва барандаи “Ҷоми Шоҳ-2022" шуд.

Мусобиқа шоми 25-уми сентябр дар варзишгоҳи “The 700th Anniversary of Chiang Mai” дар шаҳри Чиангмайи Тайланд ва зери борон гузашт.

Дар нимаи аввали дидор, ки чандон ҷолиб набуд, футболбозони ҳарду даста натавонистанд, маҳорати баланд нион диҳанд ва вазъиятҳои голзаниро ба вуҷуд биёранд. Дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони тоҷик фаъол шуданд ва пайваста ҳуҷум мекарданд, вале зарбаҳояшон нишонрас набуд.

Ҳамин тариқ, замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид. Барои муайян кардани дастаи ғолиб силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метрӣ таъйин гардид.

Аз чаҳор зарбаи футболбозони тоҷик сетоашро Ваҳдат Ҳанонов, Комрон Турсунов ва Рустам Соиров ба ҳадаф расонданд. Вале капитани мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров, ки нахустин шуда зарба зад, натавонист тӯбро вориди дарвоза намояд.

Аз се зарбаи футболбозони Малайзия дутоашро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов баргардонд. Баъди зарбаи сеюми онҳо тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.

Ба ин тартиб, маҳорати баланди Рустам Ятимов, ки беҳтарин бозигари ин дидор эътироф шуд, ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ овард.

Барои ҷойи сеюм 25-уми сентябр дар Чиангмай, дар варзишгоҳи “The 700th Anniversary of Chiang Mai”, дастаи Тайланд бо тими миллии Тринидад ва Тобаго мубориза бурд. Бозӣ бо пирӯзии мизбонон – футболбозони Тайланд - бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Чиангмай баргузор шуд, тими миллии Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва ба финал роҳ ёфт.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳо, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ барпо гардид, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Ҷоми Шоҳи Тайланд ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Ба мунтахаби Малайзия медалҳои нуқра ва ба дастаи мизбон – Тайланд – медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.

Ба гуфтаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, иштирок дар “Ҷоми Шоҳ-2022” дар Тайланд як давраи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешуд.

Мусобиқаи байнулмилалии “King’s Cup 2022”

Финал

Малайзия – Тоҷикистон – аз рӯи силсилаи пеналти 3:0 (замони асосӣ – 0:0).

Голҳои мунтахаби Тоҷикистон аз пеналти ё зарбаҳои ёздаҳметрӣ: Ваҳдат Ҳанонов, Комрон Турсунов ва Рустам Соиров.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов (Далер Эмомназаров, 87), Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 79), Шервонӣ Мабатшоев, Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 79).

25-уми сентябр. Чиангмай, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai».

Бозӣ барои ҷойи сеюм

ТайландТринидад ва Тобаго – 2:1

Голҳо: Чанаронг Промсрикаев, 21 (1:0), Критсада Каман, 61 (1:1), Супачок Сарачат, 72 (2:1).

25-уми сентябр. Чиангмай, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai».

Дар Русия тақрибан 800 норозии "басичсозӣ"-ро дастгир кардаанд

Маскав, 21-уми сентябри 2022

Дар ҳоле ки тазоҳурот алайҳи “басичсозӣ” дар шаҳрҳои Русия идома дорад, мақомоти он кишвар тақрибан 800 нафарро дастгир кардаанд.

Ба гузориши созмони “ОВД-Инфо”, то 25-уми сентябр дар 33 шаҳри Русия, асосан Маскав, камаш 796 нафар боздошт шудаанд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар, ки боздошти одамонро дар Русия назорат мекунад, гуфт, баъзе аз онҳо ноболиғ ҳастанд.

Тазоҳурот пас аз эълони қисман сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш бо пуштибонии гурӯҳи мухолифи "Весна" ва тарафдорони сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалний шуруъ шуд.

Фармони “басичсозӣ”-ро раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 21-уми сентябр имзо кард. Тибқи он барои тақвияти нерӯҳои низомии Русия, ки дар Украина меҷанганд, даъвати 300 000 нерӯи эҳтиётӣ ва ё захиравии Русия пешбинӣ шудааст.

Тасвирҳо дар расонаҳои Русия баёнгари истифодаи зӯр алайҳи норозиён аст. Гуфта мешавад, бисёре аз ҷавонони боздоштшуда барои сабти ном ба хидмати ҳарбӣ даъват шудаанд.

Путин рӯзи 24-уми сентябр ба зидди шаҳрвандони Русия, ки аз фармони “басичсозӣ” сарпечӣ мекунанд ва ё ихтиёрӣ ба нерӯҳои Украина таслим мешаванд, ҷазои сахттар таъин кард.

Мақомоти кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, аз оғози ҷанги беасос дар Украина дар моҳи феврали имсол аз 70 000 то 80 000 сарбозу афсари Русия кушта ва захмӣ шудаанд.

Таркиш дар маркази Бадахшони Афғонистон

Акс аз бойгонӣ

Мақомҳои маҳаллии Толибон рӯзи 25-уми сентябр аз вуқӯи таркиш дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшони он кишвар, хабар доданд.

Маъзуддин Аҳмадӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги Толибон дар Бадахшон, рӯзи якшанбе дар паёме ба расонаҳо гуфтааст, як шахси мулкӣ кушта ва се ғайринизомӣ захмӣ шудаанд.

Масъулияти инфиҷорро то ҳанӯз ҳеч гуруҳе ба уҳда нагирифтааст.

Душанбе аз "қатъи муноқиша" хабар дод, Тошиев аз "бардоштан"-и 8 посгоҳ

Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бо ҷониби Қирғизистон санади "қатъи муноқишаи марзиро" имзо карданд, вале тафсилоташро ошкор накарданд. Вохӯрии ҷонибҳо рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи "Қизилбел" баргузор шуд.

Дар иттилоияи ҷудогонаи ҳукумати Суғд танҳо дар бораи берун бурдани техникаҳои иловагии ҳарбӣ аз марз суҳбат шудааст. Ҷонибҳо рӯзи 19-уми сентябр низ барои берун бурдани нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҳарбӣ аз марз ба созиш расида буданд, вале маълум нест, чаро иҷро нашуд.

Ҳукумати вилояти Суғд рӯзи якшанбе гуфт, "таъкид карда шуд, ки бояд тамоми техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, ҷонибҳо мушкилоти пешояндаро бо ҳусни тафоҳум ҳал кунанд.”

Илова бар ин, тарафҳо зарур шумурдаанд, ки “мардуми наздисарҳадӣ бояд равуо дошта бошанд ва муносибатҳои дӯстона миёни ду халқ чун пештара ба роҳ монда шавад.”

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон тафсилот надоданд, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ду тараф кори ҳашт посгоҳро дар сарҳад бозмедоранд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, Қамчибек Тошиев дар ин бора 25-уми сентябр ва баъди мулоқоти ҳайатҳои Душанбеву Бишкек дар гузаргоҳи "Қизилбел" ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

Ӯ гуфтааст, бахши аввали санад ба қатъи фаъолияти посгоҳҳое рабт дорад, ки "ҳамеша манбаи низоъ ҳастанд": "Аввал, посгоҳи марзии "Бедак" аз ҷониби Тоҷикистон ва "Тамдиқ" аз тарафи Қирғизистон. Дар онҷо на сарбозон хоҳанд буд, на мардуми одӣ. Дувум, посгоҳи "Булоқбошӣ" аз Қирғизистон ва посгоҳи "Кех" аз Тоҷикистон. Сипас гузаргоҳи "Қарочиқум" ва "Шаршен" аз Тоҷикистон ва "Катта-Туз" ва "Дача" аз Қирғизистон."

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора шарҳе надодаанд.

Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.

Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.

Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG