Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти низомӣ боиси қатъи корҳои соҳилбандӣ шуд


Дасти кам даҳ ширкати сохтмонӣ, ки ба соҳилбандии рӯдхонаи Панҷ дар ноҳияи Ҳамадонӣ машғуланд, кори худро мутаваққиф кардаанд. Холмурод Нурматов, сардори корхонаи воҳиди давлатии сохтмон ва истифодабарии ноҳияи Ҳамадонӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тавқифи корҳои соҳилбандӣ бо дастури ҳукумати маҳаллӣ ва ба хотири баргузории амалиёти ошкор ва боздошти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.
Шурӯъ аз рӯзи душанбе нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъмин, воқеъ дар 180 километрии шаҳри Душанбе, таъқиби гурӯҳи мусаллаҳеро идома медиҳад, ки ду ҳафта пеш дар ноҳияи Балҷувон зуҳур карда бо кормандони милисаи ин ноҳияи вориди бархӯрд шуда буд.
XS
SM
MD
LG