Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сиҳатии Ричард Ҳолбрук ҳамчунон вахим будааст


Вазъи сиҳатии Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистону Покистон, ки шоҳрагашро ҷарроҳӣ карданд, вахим боқӣ мемонад. Дипломати 69-сола, рӯзи ҷумъа дар вазорати умури хориҷаи Амрико бемор шуд ва ӯро барои табобат ба бемористон интиқол доданд. Ин вазорат дар баёнияи наве гуфт, барои беҳтар кардани гардиши хуни Ричард Ҳолбрук, ки рӯзи шанбе ҷарроҳӣ шуд, муолиҷаи иловагӣ анҷом дода шуд, вале вазъи сиҳатиаш ҳамчунон вахим аст. Ричард Ҳолбрук дар ҳоле бемор шуд, ки қарор аст, Амрико ҳамин ҳафта арзёбиаш аз ҷанг алайҳи Толибону Ал-қоидаро нашр кунад.
XS
SM
MD
LG