Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дифоъ аз Ҷоизаи сулҳи дигарандеши чиноӣ Лю Сябао


Раиси кумитаи ҷоизаҳои Нобел, Торбйорн Йагланд имрӯз гуфт, Ҷоизаи сулҳи Нобел ба дигарандеши чиноӣ, Лю Сябао, бар пояи арзишҳои умумии ҳуқуқи башар тақдим шудааст. Вай дар нишасти хабарӣ дар Осло гуфт, тақдими ҷоиза кӯшиши таҳмили арзишҳои "Ғарбӣ" бар Чин набудааст:

"Ҳуқуқҳои умумибашарӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар тафсир шудааст ва арзишҳо ё меъёрҳои Ғарбӣ нест. Ин меъёрҳои умумиҷаҳонист, ки ба ҳар кишвари узви Созмони Милал дахл доранд. Яъне мо аз ягон арзишҳои Ғарбӣ ҳимоят накардаем."

Йагланд ҳамчунин гуфт, Украина, яке аз кишварҳое, ки гуфтаанд, дар расми муборакбодии Лю Сябао ширкат нахоҳанд кард, тасмими хешро тағйир дод ва ба маърака хоҳад омад. Дар Женева, раҳбари бахши ҳуқуқи башари Созмони Милал Навӣ Пилей имрӯз дар ҳоле ба озодии Сябао аз зиндон даъват кард, ки худ барои ширкат накарданаш дар ин маросим зери танқид қарор гирифтааст. Дар ҳамин ҳол Чин ба ҳайси посух ба Ҷоизаи сулҳи Нобел имрӯз маъракаи тақдими Ҷоизаи Конфетсийро баргузор намуд. Аммо барандаи он, президенти пешини Тайван аз ширкат дар расми тақдими Ҷоизаи Конфутсий худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG