Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон озими Маскав, пойтахти Русия шудааст. Ҳадафи сафари президенти Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ширкат дар нишасти Шўрои сарони кишварҳои узви ИДМ, Шўрои СПАД ва Шўрои байнидавлатии иттиҳоди иқтисодии АврОсиё унвон мешавад.

Ба иттилои макази матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Раҳмонро дар ин сафар Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷӣ, Амирқул Азимов, котиби шӯрои амният, Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, Рамил Нодиров, муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон ва дигар мақомоти ниҳодҳои давлатӣ ҳамроҳӣ доранд.

Баррасии густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои аъзо дар чаҳорчӯби ин созмонҳои бонуфузи байналмилаӣ дар меҳвари нишастҳои Маскав унвон мешавад.

Аммо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷии Тоҷикистон ҳамакнун дар Маскав қарор дорад ва имрӯз, 9-уми декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад.

Дар ҳошияи ин нишастҳо, мулоқотҳои дуҷонибаи сарони кишварҳои узви Шўрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шўрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Шўрои байнидавлатии иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ баргузор хоҳад шуд.

Ба эҳтимоли зиёд, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия низ доир хоҳад шуд.

Тоҷикистон ва Русия дар муносиботи худ як давраи бесобиқаро пушти сар мекунанд. Ин ду кишвар аз яку ним соли пеш бар сари чанд масъалаи усулӣ ихтилофи назар пайдо кардаанд, аз ҷумла, истифодаи манобеъи обӣ, ки Русия ба навъе дар ин масъала аз мавзеъи Узбакистон ҳимоят карда буд. Масъалаи дигари мавриди баҳс, истиқрори нерӯҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва дархсти пардохт барои ҳузури онҳост.

Русия мехоҳад, ки аз фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки тавассути Ҳинд бозсозӣ шудааст, ба таври ройгон истифода кунад. Аммо Тоҷикистон барои истифода аз он масъалаи пардохти матраҳ кардааст.

Русия барои пойгоҳи низомии 201 -уми худ низ дар Тоҷикистон пул пардохт намекунад.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG