Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ассанҷ дар боздошт аз WikiLeaks дифоъ кард


Баъд аз як рӯзи боздошт дар Лондон Ҷулиан Ассенҷ-муассиси WikiLeaks аз сомонаи интернетии худ дифоъ кард. Дар сармақолаи як рӯзномаи Австралия Ассенҷ гуфтааст, демократия ба матбуоти қаввӣ ниёз дорад, то ҳукуматҳоро ростқавл нигоҳ дорад ва WikiLeaks дар ин кор нақш хоҳад дошт. Ассенҷ ин иддаоро қабул надорад, ки маводи маҳрами чопшуда дар сомонаи WikiLeaks ҳаёти баъзеҳоро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст. Раҳоии Асенҷро бо васиқа рад карданд ва вай дар зиндон қарор дорад. Вайро барои таҷовузи ҷинсӣ муттаҳам медонанд. Вале худаш ин иттиҳомотро қабул надорад. Сухангӯи WikiLeaks гуфт, ин боздошт ҳамла ба озодии матбуот аст ва вай қавл дод, ки чопи асноди маҳрамро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG