Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенизомиҳо дар Афина дар солгарди куштори як наврас


Намоиши эътирозии ҷавонон дар шаҳри Афина, пойтахти Юнон, бахшида ба солгарди куштори навраси 15-сола Алексис Григоропулос аз сӯи як корманди полис, ба бенизомиҳои нав печид. Раҳпаймоӣ сӯи бинои парлумони Юнон орому бонизом идома дошт ва аммо гурӯҳе аз эътирозгарон сангандозӣ сӯи кормандони хадамоти амниятиро шурӯъ карданд. Онҳо ҳамчунин шишаҳои мағозаҳову бонкҳоро шикастанд. Дар бораи осебдидагон дар ҷараёни бархурди эътирозгарон ва кормандони полис иттилоъе зери даст нест.
Ду сол қабл баъд аз куштори наврас ду ҳафта дар сартосари Юнон бенизомиҳо идома доштанд.
XS
SM
MD
LG