Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи бомбгузориҳо дар пойтахти Ироқ


Рӯзи шанбе бар асари бомбгузориҳо дар Бағдод 17 нафар, бо шумули зоирони эронӣ, кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ду ҳамлаи қариб пайиҳам алайҳи ду гурӯҳи зоирони эронӣ дар наздикии масҷиди Мӯсо ал-Козим дар минтақаи Козимияи Бағдод мунҷар ба ҳалокати 8 зоир шуд. Соате баъд бар асари инфиҷор дар бозори минтақаи умдатан шиъанишини Боия дар ҷанубуғарби Бағдод 6 кас кушта шуданд. Қаблан пулис хабар дод, ки ҳамла ба корвони мошинҳои муҳофизони як қозӣ дар Каррода, мавзеъе дар канори Бағдод 3 нафар, бо шумули ду муҳофизи ӯро кушта ба ҷо гузошт. Худи қозӣ дар дохили ин мошинҳо набудааст.
XS
SM
MD
LG