Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳс сари эъломияи ниҳоии САҲА дар Остона


Ширкаткунандагони ҷаласаи сарони кишварҳои узв дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Остона имрӯз сари як барномаи амал барои таҳкими ин ниҳод дар оянда вориди баҳсҳои шадид шуданд. Раҳбарони созмон иқрор карданд, ки солҳои охир тавонмандии созмон дар таъмини амният, ҷилавгирӣ ва ҳалли низоъҳо дар Аврупо ва Иттиҳоди Шӯравии пешин аз байн рафтааст. Аммо пас аз соатҳои дарози баҳс дар паси дарҳои баста ҳайатҳо натавонистаанд, ба натиҷае расанд. Раисиҷумҳури Қазоқистон, раиси даврии созмон ва мизбони нишасти сарон, Нурсултон Назарбоев чандин бор нишасти хабарии ҷамъбастии ҳамоишро ба таъхир гузошт. Қазоқистон аввалин кишвари Шӯравии собиқ аст, ки дар 11 соли охир раёсати Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро дар зимма дорад ва нахустин бор чунин нишаст дар як кишвари Шӯрави пешин баргузор гардид.
XS
SM
MD
LG