Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, имрӯз дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, бо мақомоти аршади ин кишвар, аз ҷумла раисиҷумҳур Роза Отунбоева, мулоқот ва аз роҳи баргузидаи Қирғизистон ҳимоят кард:
"Бисёриҳо мегӯянд, низоми ҳақиқатан демократии порлумонӣ дар Осиёи Марказӣ ё бисёр ҷойҳои дигар номумкин аст. Мо инро рад мекунем ва Қирғизистон ин тавоноиро исбот хоҳад кард."
Қирғизистон, пас аз барканории Қурманбек Боқиев дар моҳи апрели соли равон, дар ҳоли табдил шудан ба нахустин кишвари порлумонӣ дар минтақа аст. Аввали ин ҳафта порлумони тозаинтихоби кишвар дар мавриди ҳукумати эътилофӣ ба тавофуқ расид. Аммо мушкилот идома дорад, аз ҷумла нерӯҳои амниятии Қирғизистон бо ситезаҷӯёни исломӣ дар ҳоли даргириянд.