Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони таътили дурӯза дар Теҳрон ба маҳзи ҳавои ғализ


Ҳавои ғализ дар Теҳрон боиси эълони таътили дурӯза ва баста шудани идороти давлатӣ шудааст. Тайи як моҳи охир бори дуввум аст ки идороти давлатӣ дар пойтахти Эрон ба иллати ифлос шудани ҳаво баста мешаванд. Телевизиони давлатӣ гуфт, тасмими бастани идорот ва корхонаҳову мактабҳо ба далели шароити “ғализ ва носолим” иттихоз шудааст.
Аммо мунтақидон мегӯянд, ҳар таътил то 130 миллион доллар хисороти молӣ дар пай дорад.
Дар Эрон ҳарсари чанд вақт ба далели ифлосии ҳаво таътил эълон карда, ҳаракати нақлиётро низ маҳдуд мекунанд.
Ба гуфтаи табибон, мардуми зиёде дар Эрон аз бемориҳои ношӣ аз ҳавои ғализ ранҷ мебаранд.
XS
SM
MD
LG