Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳи адаб хари арзон аст...
Ҳамин замон наъраи шеронаи ширакайфи бўзбалае ба гўш расид, ки садояш бе баландгўяк аз садои баландгўякдори баранда хеле боқувваттар буд.
- Ҳой! Чи гуфти?! Кани бо ҳамон баландгўякат ба назди ман биёю ҳамин гапи аҳмақонаатро як бори дигар такрор кун!.. Вай бо чашмони чун чашми гови мурда калон кушодааш атрофро аз назар гузаронд.
- К-куҷо шуд ин паканаи ҷонфурўш, ин миҷморуқ, ин нимчаодами ҷонаш намеларзидагӣ? Акнун ҷони мо меларзидаасту ҷони ту не-а? О ин тавр ки бошад чаро ҳамон чони намеларзидагиатро гирифта ба куҷое ғайб зади? «Сад ҷон бидиҳи адаб хари...» Ҳамон адабфурўш ман! Биё! Донааш панҷҷонӣ! Кўтара мефурўшам!
Дар ҳақиқат ба куҷо ғайб задани барандаи пакана – марди адабро ҳеҷ кас пай набурд ва ин боиси боз бештар ба шўр омадани марди беадаб гардид:
- О куҷо шудӣ? Аз гурбаи обро дида мух мезадагӣ барин ба куҷое ғайб заданат маълум, ки ту аллакай тамоми ҷонҳоятро фурўхтаию акнун ба ғайр аз як тани қоқат, дигар хоки хунук ҳам надорӣ. Худат ними як нимчаодам барин ҷон надорию боз моро талқин мекунӣ ки мо ҳам ҷонҳоямонро фурўхта мисли ту шавем. Ҳе адабат сарата хурад.!..
О модоме, ки ҳамон адаби зормондаро харидан лозим бошад, бо пул мехарем. Чаро даррав ҷонамонро диҳем будааст? Ту ки ба ғайр аз ҷони ғарибату танаи қоқат чизи дигаре надорӣ, ҳамонҳоро алишак кардан гир. Бартер. Ту ҷон – вай адаб. Ту танаи қоқ – вай одоби бонидагии фарбеҳ!..
Ҳамин вақт аз динамикҳо овози ларзони баранда ба гўш расид:
- «Аз беадабӣ касе ба ҷое нарасид...
- Ва-аҳ!.. Ин овози «базарба» аз куҷо баромад? Ҳа-а, ана ту дар куҷо будаи... Ман туро ёфтам. О, дар таги мизи меҳмонони олиқадру ҳукуматӣ...
Ту ба мани беадаб як чизро фаҳмон: худи ту аз боадабӣ ба куҷо расидӣ? Ба таги мизи калоншавандаҳо? Барои бо либоси ҷойравакат туфлиҳояшонро тоза кардан? Берун баро. Ман ангуштатро дида истодаам.
Чӣ? Ки дар ин ҷо бо тамасхўр хандида гуфт, ки вай ангушт нею банди пояш? Эҳ бача-а... Ман ба ту мегўям ки бо ин ғафсии банди пою ин сиккаю сурат ту то куҷо мераси. То ходақишлоқ. Медони чаро? Чунки то он ҷо худат намеравӣ. Туро мебаранд. Мардум туро бо дабдабаю гиряю нола, ба китфашон бардошта мебаранд. Ту боши дар даруни тобут каттагӣ карда хоба мезанӣ. Фақат дар сари баландӣ як теппача зиёд мешавад. Боз ду ходаи дигар. Тамом. Ал кишмишу вал бодом, дар риши додотон... ҷонам.
Аз афташ барандаи миҷморуқ худро дар зери пои калоншавандаҳо боғайраттар ҳис мекард, ки якравона шеърхониашро давом медод: «Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст».
Аз чи сабаб бошад, ки ин мисраъ бўзбалаи ширакайфро ба ханда водор кард ва ў чапакзанонзанон қоҳқоҳ хандид.
- Қандата зан! Ана инаш дар ҳақиқат хандаовар! Ту ҳоло боз тоҷ ҳам дорам , гўй?..
Ман нафаҳмидам: ин чи хел мешавад? Ту, як одами беҷони боадаб, тоҷдор, скелетатро дар зери миз, дар таги пои калонҳо, пинҳон кардаию ман, яъне як ҷондори беадаб, Аз болои миз ба ту дўғ мезанам?
Ку, тоҷатро гирифта, ин ҷо баро. Баро мегўям, вагарна худам аз
ҳамон банди пои чиликмонандат гирифта кашида мебарораму гирди сарам тоб дода, чунон ба замин мезанам ки қўрбоққаи аз даҳони зоғ афтодаги барин ваққосатро бе микрофон тамоми ҷаҳон мешунавад. Тезтар баро..
Калоншавандаҳо хавотир шуданд, ки мабодо ин бўзбалаи маст гуфтаашро иҷро кунад ва дар интихоби банди пой, чун дар аксари кори худи онҳо, хатое содир шавад, пас яке аз онҳо ба он қўрбоққаи ваъдагӣ монанд шуданашон аз эҳтимол дур нест, бинобарин зуд барандаро аз таги миз бо нўги пояшон тела дода бароварданд.
Барандаи бечора, ки аз тарафи калоншавандаҳо ин қадар зуд фурўхта шуданашро интизор набуд, ларзон ларзон аз ҷой хесту бо тамоми қувваи боқимондааш дод зад.
Ҷон дар тани марди БОАДАБ ларзон аст,
Ту ҷон диҳию ХАРЕ харӣ осон аст,
Аз БОАДАБӢ касе ба ҷое нарасид,
Зеро ки адаб марги мани беҷон аст!
- Ана қандата зан! Ана акнун ақлат даромада истодааст. Ту бояд дар ҳар тўй аз ҳамин сар куни, ки:
Худованде, ки болою паст офарид,
Забардасти ҳар даст даст офарид...
Ҳатто ман ҳам дар назди ту ин қадар шерам. Лекин ҳамин ки овози занамро шунидам дарҳол ба ту табдил меёбам ват аги охуреро иҷора мегирам. Дунё ҳамин хел, барандаи чарранда... о вай, бародар баранда.