Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасе дар Амрико толибилмонро гаравгон гирифт


Аз шаҳри Маринети аёлати Висконсин, воқеъ дар шимоли ИМА, дар бораи аз сӯи як наврас гаравгон гирифтани 23 толибилм ва як омӯзгори мактаб хабар расид. Гуфта мешавад, ки кормандони полис барои раҳоии панҷ нафар аз гаравгонҳо муваффақ шудаанд. Навраси мусаллаҳ гаравгонҳоро дар як синфхона нигаҳ медорад.
Дар бораи осебдидагон дар ин ҳодиса алҳол иттилоъе нарасидааст. Музокироти кормандони полис бо одамрабо идома дорад.
XS
SM
MD
LG