Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шабакаи террористӣ дар Аврупо


Баъди анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ дар саросари Аврупо мақомоти Белгия нӯҳ нафарро бо ҷурми ҳамдастӣ дар терроризм айбдор карданд. Мақомоти шаҳри Антверпени ин кишвар гуфтанд, шабакаи террористиеро ошкор карданд, ки ба он шаҳрвандони Аврупо ва ҳам як чечентабор аз Русия шомил буданд. Таҳқиқоти ҷудогонае собит кардааст, ки ду нафар аз ин шабака машғули ҷустуҷӯи маблағҳо ва ҷалби ҷангиён барои ширкат дар ҷангҳои Ироқ ва Афғонистон будаанд. Дар пайи рейди ҳамсоне дар Олмону Ҳолланд рӯзи сешанбе се муттаҳами дигар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG