Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Амрико барои ҳалли таниш дар нимқораи Корея


Амрико мегӯяд, ба тааҳҳудоти худ дар қиболи муттаҳидаш - Кореяи ҷанубӣ пойбанд боқӣ мемонад, вале ба роҳҳои дипломатии ҳалли таниши ахира дар нимқораи Корея бартарӣ медиҳад, то ба роҳҳои ҳалли низомӣ. Ин дар ҳолест, ки Вошингтону Сеул аз омодагии худ ба баргузории як машқи муштараки баҳрӣ дар рӯзҳои наздик хабар додаанд.

Амрикову Кореяи ҷанбуӣ эълон карданд, ки дар поёни ҳафтаи равон як машқи муштараки баҳрӣ доир мешкунанд. Ин ба дунболи шилики тӯпхонаҳои Кореяи шимолӣ ба як ҷазираи Кореяи ҷанубист, ки рӯзи сешанбе 4 кушта ба ҷо гузошт ва мояи таниши тунде байни Сеулу Пхенян шуд.

Фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар Кореяи ҷанубӣ гуфт, ки ин машқи муштарак ҳанӯз то бурузи танишҳои ахир барномарезӣ шуда буд, вале пойбандии Амрико ба тааҳҳудоташ дар қиболи муттаҳиди худ Кореяи ҷанубиро намоиш хоҳад дод.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳам дар як тамоси телефонӣ раҳбари Кореяи ҷанубӣ Лӣ Мюнг Пакро итминони хотир додааст, ки Амрико дар ин рӯзҳо китф ба китфи ин кишвари муттаҳидаш истод хоҳад шуд.
Вале Вошингтон ҳамчунин аломат додааст, ки ба роҳи дипломатии ҳалли танишҳо бартарӣ медиҳад, то ба роҳи низомӣ.

Мақомоти Амрико талош доранд, ихтилофи байни Кореяҳои шимоливу ҷанубиро аз ҳоли низоъи низомӣ ба майдони музокироти дипломатӣ бикашонанд. Дар қадами аввали калидӣ, ин мақомот мегӯянд, маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама болои Чин фишор меорад, то муттаҳидаш – Кореяи шимолиро аз рафтори таҳоҷумии бештар нигоҳ бидорад.

Чин ягона пуштибони воқеъии режими сарбастаи Пхенян маҳсуб шуда, ин кишвари фақрзадаро бо ғизову аслиҳа ва маҳсулоти дигар таъмин мекунад. Дар қиболи табодули ахири оташ байни ду Корея, Пекин то ҳол аз интиқоди мустақими Кореяи шимолӣ худдорӣ варзида, матбуоти расмии Чин бештар фарзияи Пхенянро дар мавриди ин ҳаводис пазируфтааст.

Барак Обама иқдоми Кореяи шимолиро маҳкум карда, вижатан рӯи зарурати кумаки Чин дар роҳи коҳиш додани мавридҳои бурузи хашми Кореяи шимолӣ, ки ҳар сари чанд вақт рӯ зада, суботро дар Осиёи шимолушарқӣ ба ҳам мезанад, таъкид варзид.

Мақомот дар Вошингтон аломат додаанд, ки Амрико ба сӯи стротежии дарозмуддате, ки мушорикати ҳамкоронаш аз музокироти шашгонаи барномаҳои ҳастаии Кореяи шимолиро дар назар дорад, роҳ меравад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер дар шарҳи ин мавзеъгириҳо гуфт: “Дар ин роҳ мо дар пайи иттихози аҳдофи андешидашуда ва воҳид ҳастем. Мо дар амри таҳияи посухи худ ба дунболи ҳамкорӣ бо Чинем, мо дар пайи ҳамкорӣ бо ҳамаи шарикони худ дар музокироти шашгона ҳастем. Вале бори дигар таъкид кунам, ки сухан дар бораи посухи андешидашуда ва воҳид меравад.”

Бино ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, мақомот гуфтаанд, ки Кохи Сафед мутақоид ба хатми силсилаи масоилест, ки Кореяи шимолиро ба рафтори наздик ба ҳадди ҷанг, аз ҷумла ба истифодаи иқдомоти иғвогарона ба манзури дарёфти гузаштҳои бештар аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ, ташвиқ мекунанд.

Ҷопон, яке аз ҷонибҳои музокироти шашгона низ дар пайи пайдо кардани роҳи чандҷонибаи ҳалли қазия аст. Сарвазири Ҷопон Наото Кан дирӯз дар нишасти изтирории кобинаи вазиронаш дар Токио гуфт: “Ҷопон ба хотири оддӣ кардани вазъ аз наздик бо Кореяи ҷанубӣ ва ҳамин тавр бо Амрико ҳамкорӣ хоҳад кард. Мо ҳамчунин қасд дорем, ба Чин муроҷиат кунем, ба кишваре, ки бузургтарин нуфузро бар Кореяи шимолӣ дорад. Ва мехоҳем назари онҳоро дар қиболи ҳамлаи Кореяи шимолӣ бубинем.”

Аммо бо вуҷуди таъкид ба роҳҳои дипломатӣ иқдомоти низомӣ низ аз дастури кор фаромӯш нашудааст. Амрико эълон кард, ки дар рӯзҳои наздик бо Кореяи ҷанубӣ машқҳои муштараки баҳрӣ баргузор хоҳад кард ва як киштии ҳастаии ҳавопаймобараш ба ин хотир ба сӯи обҳои Корея шино мекунад.

Бо ин ҳол, Кореяи шимолӣ дар бурузи шадидтарин таниши байни ду Корея дар 57 соли баъд аз хатми ҷанг Сеулро айбдор карда, мегӯяд, тирандозии рӯзи сешанберо нирӯҳои Кореяи ҷанубӣ оғоз карданд. Хабаргузории расмии Кореяи шимолӣ гуфтааст, масъули “иғвои бебасаронаи низомӣ” Кореяи ҷанубист, ки “вазъиятро ба сӯи ҷанг тела медиҳад”.
XS
SM
MD
LG