Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод дархости Вошингтонро рад кард


Ҳукумати Покистон ба дархости ИМА барои густариши минтақаи амали ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар мавзеъҳое, ки мусаллаҳони “Ал-Қоида” ва ҷунбиши Толибон мустақар шудаанд, посухи рад дод. Намояндаи вазорати умури хориҷии Покистон рӯзи шанбе изҳор намуд, Исломобод ҳеҷ гоҳ ба Вошингтон иҷоза нахоҳад дод, ки ба дигар манотиқи аҳолинишини дур аз марз бо Афғонистон зарбаҳои мушакӣ занад.
XS
SM
MD
LG