Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷрои ҳукми эъдоми як мақоми маҳаллӣ дар Чин


Рӯзи ҷумъа дар Чин ҳукми қатли як мақоми собиқи маҳаллиро, ки дар фурӯши садҳо ёдгории таърихии даврони салтанати сулолаи Шинғ ба маблағи 550 000 доллар муҷрим шинохта шуда буд, иҷро карданд. Матбуоти давлатӣ мегӯяд, Лӣ Ҳаитао ва шариконаш ин осори таърихии бозмонда аз асри 16-ро вақте рабудаанд, ки ӯ масъули нигаҳбонии осори таърихии шаҳри Вайбаймяо дар вилояти шимолии Ҳейбей буд. Додгоҳ Лиро ҳанӯз 6 сол пеш ба қатл маҳкум кард ва тайи ин муддат талошҳои ӯ ҷиҳати бозбинии ҳукми додгоҳ натиҷа надод.
Рӯзи ҷумъа ҳамчунин Канг Ризини 57-сола, раҳбари собиқи Ожонси ҳастаии Чин ба зиндони умрбод маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро ба гирифтани ришва ба маблағи 1 миллион доллар муҷрим шинохт.
XS
SM
MD
LG