Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нармиши мавзеъгирии Русия нисбат ба қазияи Бут


Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, мегӯяд, кишвараш танҳо мехоҳад, Виктор Бут, тоҷири байналмилалии силоҳ дар Амрико одилона муҳокима шавад. Виктор Бутро аввали ҳамин ҳафта аз Таиланд ба Амрико истирдод карданд. Баёнияи Сергей Лавров, нармише дар мавзеъгирии Русия нисбат ба қазияи Виктор Бут хонда шудааст, ки ӯро Амрико ба фурӯши силоҳ ва терроризм муттаҳам мекунад. Сергей Лавров гуфт, Русия намехоҳад бигӯяд, ки Виктор Бут ҷинояте содир накардааст, танҳо инро мехоҳад, ки муҳокимаи ӯ одилона сурат бигирад. Виктор Бут дар додгоҳи Ню Йорк худро бегуноҳ хонд.
XS
SM
MD
LG