Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳари як хабарнигори эрониро зиндонӣ карданд


Хоҳари як хабарнигор ва ҳомии ҳуқуқ дар Эронро ба якуним соли зиндон маҳкум кардаанд. Ба гузориши Радиои Фардо, Парвин Тоҷикро бо иттиҳоми “интишори тарғиботи зидди Ҷумҳурии Исломӣ” ва “таҳрики афкори умум” зиндонӣ кардаанд. Бародари Парвин, Абдулризо Тоҷик, хабарнигор ва узви Маркази ҳомиёни ҳуқуқ дар Теҳрон баъди интихоботи баҳсбарангези моҳи июни соли 2009 дар Эрон дастгир шуд. Дар охири моҳи июл хонаводаи Абдулризо Тоҷик ба дар номаи саркушодае ба вазорати адлияи Эрон гуфт, ки фарзанди онҳоро дар зиндон “таҷовуз” кардаанд. Баъди зиндонӣ шудани Абдулризо Тоҷик хоҳари ӯ Парвин пайваста доир ба вазъи бародараш дар зиндон бо хабарнигорон сӯҳбат мекард.
XS
SM
MD
LG