Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сан Сучӣ хоҳони инқилоби сулҳомез дар Мянмар аст


Аунг Сан Сучӣ, раҳбари тарафдори демократия дар Мянмар мегӯяд, ҳадафи ӯ як инқилоби сулҳомез дар ин кишвар аст. Ӯ зимни нишасте дар қароргоҳи ҳизбаш дар шаҳри Янгон ба Би Би Си гуфт, мутмаин аст, ки саранҷом демократия ба кишвари ӯ ҳам хоҳад расид. Раҳбарони низомии Мянмар Аунг Сан Сучиро як ҳафта баъд аз интихоботи баҳсбарангез, ки онро нозирон саҳнасозӣ шуда хондаанд, аз зиндони хонагӣ раҳо карданд. Ӯ ки барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел аст, тайи 21 соли ахир 15 соли умрашро дар зиндони хонагӣ сипарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG