Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 50 миллион $ кӯмаки бебозгашт мегирад


Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки Тоҷикистон барои мутобиқ шудан ба тағйироти иқлим ба зудӣ 50 миллион доллар кӯмаки бебозгашт дарёфт хоҳад кард. Кӯмаки мазкур бар асоси барномаи озмоишӣ дар мавриди мутобиқат ба гармоиши курраи Замин ба Тоҷикистон дода мешавад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, маблағҳои мазкур барои таъсиси системаҳои ҳушдордиҳӣ аз хатар, ҳимояти нерӯгоҳҳои барқӣ аз таъсири гармоиш, баҳрбардории муносиб аз замину захираҳои об ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти ҳавзаи рӯдхонаи Панҷ масраф мешавад. Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро кишваре хондааст, ки назар ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари ҳодисаҳои табиӣ осебпазир аст.
XS
SM
MD
LG