Масъуди Боризонӣ, раҳбари минтақаи Курдистони Ироқ гуфт, ки ҳама гурӯҳҳои аслии сиёсии ин кишвар ба тавофуқе дар заминаи ташкили ҳукумати нав даст ёфтанд. Баъди ҳашт моҳи бӯҳрон ниҳоят заминаҳои ташкили ҳукумати Ироқ фароҳам омадааст. Боризонӣ гуфт, ки тавофуқ дар заминаи номзадии нахуствазир, президент ва раиси парлумон ҳосил шудааст. Бар тибқи тавофуқи ҳосилшуда, Нурӣ-ал-Моликии раҳбари эътилофи шиаён дар мақоми нахуствазир ва Ҷалоли Толибонии курдтабор дар мақоми президент баргузида мешавад. Вай гуфт, ки эътилофи Ироқияи пуштибон аз сунниҳо ба раҳбарии нахуствазири собиқ Иёд Алавӣ нафари худро ба мақоми раиси парлумон таъйин хоҳад кард. Боризонӣ афзуд:
“Ман аллбатта ин чизро рад намекунам, ки мо зери фишори байналмиливу минтақаӣ будем. Дар бисёр ҳолатҳо музокираҳои мо то ба дараҷаи фишор мерасид. Вале мулоқоти Арбилу Бағдод пайғоми рӯшане медиҳад, ки мо мушкилотамонро дар Бағдоду Арбилу Басраву Мосулу Наҷаф ва дигар шаҳру манотиқ ҳал кардем”.
Бино ба иттилои Боризонӣ, ниҳоди нави амниятие бо исми шартии Шӯрои нави сиёсати стратегиро Иёд Алавӣ ба ӯҳда мегирад. Баъди раъйдиҳии 7 март қарор аст имрӯз аввалин бор 325 аъзои парлумони нави Ироқ ҷаласа барпо кунанд ва ба гуфтаи Боризонӣ, ҳама нирӯҳои сиёсӣ бояд ба ин ҷаласа ҳозир шаванд.