Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хоҳони баргузории гуфтушунид дар Истамбул аст


Эрон ба дипломати аршади Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон гуфт, омодааст, 23-юми ноябр ё 5-уми декабр дар Истамбули Туркия бо аъзои гурӯҳи 5 бар иловаи 1, яъне 5 узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон сари барномаи ҳастаияш гуфтушунид кунад. Қаблан Эштон, ки аз номи шаш қудрати ҷаҳонӣ бо мақомоти Эрон музокира мекард, пешниҳод карда буд, ки гуфтушунид 15-уми ноябр дар Вена оғоз шавад. Баҳси сари замон ва макони гуфтушунид идома дорад.
XS
SM
MD
LG