Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Қишлоқи тиллоӣ»


Шояд шунидан ё хондани қиссае дар бораи деҳае монанд ба «Қишлоқи тиллоӣ», ки дар он на дузд асту на хилофкор на хасису на дилозор, шуморо ба лабханд водор кунад. Аммо ман ин деҳаро дар кӯҳистони Муъминобод кашф кардам ва аз кашфи худ дар шигифт мондам.

Бо амри зарурат банда бо модарам ба як деҳаи дурдаст, деҳае бо номи Ғеш (шояд шакли вайрон шудаи Хеш бошад) сафар кардем. Қабл аз сафар дар тасаввури худ деҳкадаеро медидам, ки дар он барқ соле як бор меҳмон мешавад ва мардуми он дур аз хабару таҳлил техникаву техноложӣ, мисли дар асри сангӣ ба сар мебаранд. Аммо ончӣ маро ба ҳайрат овард, дидани роҳҳои ҳамвор буд.
"Ин ҳама дар як кунҷи кӯҳистон?" - нобоварона аз худ суол мекунам. Аз ҷавони роҳгузар мепурсам, ки ин роҳҳро кай сохтаанд.
"Дар замони советӣ" - ҷавоб медиҳад ӯ.
"Пас ин кори босифати замони шӯравӣ аст" - аз дил мегузаронам ман.

Дар зимн, то расидан ба деҳаи Ғеш мо чандин деҳкадаи дигарро пушти сар кардем, ки ҳамагӣ роҳҳои ободу тамиз ва мардуми кушода чеҳра доштанд. Дар ҷойе ки мо барои обнӯши берун мешудем, мардуми атроф бо эҳтиром ба мо саломуалейк мекарданд ва занҳо бо эҳтиром аз ҷой баланд мешуданд. Ман ин мардумро бо ҳамсояҳои худ дар Душанбе муқоиса кардам. Ҳамсояҳои ман ҳам меҳру эҳтироми арзонӣ надоранд, ки ба ҳама тақдим кунанд. Дар Душанбе ҳар кас ба сару кори худ аст ва парво надорад, ки аз сари ҳамсояи дар ба девораш чӣ мегузарад.

Ман аз мушоҳидаҳои худ ба ваҷд меоям. Хонаҳои мардуми деҳнишин нав нестанд, тақрибан 40 50 солаанд, аммо на дарвоза доранд ва на қулфу калид.

Вақте аз мардуми деҳа пурсон мешавам, ки чаро дар манзилҳояшон дарвоза надоранд, онҳо бо табассум ва содалавҳонаи кӯҳистонӣ посух медиҳанд, "мо мардум дар руз сад омаду рафт дорем ва одат надорем, ки дарро ба рӯи мардум бубандем".

Рӯзе, ки мо ба Ғеш сафар кардем офтоби тирамоҳ нур мепошад ва боди сард аз омад-омади зимистон хабар медод. Аммо шохаҳои дарахтон бо меваҳои пӯхта ба замин сар хам карда буданд. Ман бори аввал дидам, ки дарахти гелос ин қадар бузург мешудаст. Аз холаи Раъно мепурсам, ки ин дарахати бузург ҳамасола ҳамин гуна пурбор аст? Холаи Раъно посух медиҳад, ки ин дарахт як қишлоқро сер мекунад ва бозори Мӯъминободу Кӯлобро ҳам таъмин мекунад.

Ман аз сӯҳбатҳои ширини мардуми Ғеш ва дили беолоиши онҳо лаззат мебарам. Аз қиссаҳои онҳо, аз назари онҳо дар бораи зиндагии имрӯз. Мардум дар ин минтақаҳо мисли шохаҳои дарахт ин қадар баҳам печида ва наздик шудаанд, ки мегӯи ба якдигар хеши наздик бошанд. Онҳо ҳама меҳнатдустанд ва шиорашон мисли худашон содаву фаҳмо аст, меҳнат кунӣ, роҳат мебинӣ. Дар ин деҳа ҳама меҳнат мекунанд, ҳама дар пайи рисқу рӯзии худ ҳастанд. Ҳам калонҳо ва ҳам ҷавонҳо.

Вақте ба хамуростшавии ҷавонҳо дар замини гандуму ҷав менигарам, суоле дар зеҳнам чарх мезанад, ки оё дар оянда инхо чи касбро интихоб мекарда бошанд. Оё ба донишгоҳ дохил мешаванд? Ё мисли ҷавонҳои дигар дар пайи муҳоҷират ба Русия мераванд?

Ман ин суолҳоро аз худ мепурсам ва худам ба онҳо посух мегӯям: "Албатта донишҷӯ намешаванд, барои ин пул надоранд... Албатта касби деҳқониро идома медиҳанд ва шояд баъдан ҳамроҳи ҳамдеҳаҳои ботаҷрибаи худ, ки солҳоро дар муҳоҷират сипарӣ кардаанд, ба Русия мераванд..."

Шамоли сарди кӯҳистон риштаи андешаҳои ғамноки маро меканад. Ба ғарами ҳезуми пеши ҳар хона чашм медӯзам ва дилам аз хурсанди ҷӯш мезанад. Чӣ хуб аст агар зимистон дар назди бухории чуянӣ ба садои шикан шикани ҳезуми хушк гӯш диҳӣ ва ноаён хобат бубарад.
Мардуми деҳкада парвои омадани зимистонро надоранд. Онҳо ҳезум доранд ва зимистон дар хонаҳои гарм ҳаловат мебаранд, аксаран бе радио ва телевизор. Мо дар хонае меҳмон шудем, ки на радио дошт на телевизор. Ин хонавода ахбору иттилоъро аз даҳони дигарон мешунванд ё аз масҷид. Аз марди ин хонавода пурсидам, ки , ки чаро ҳади ақал радио надоранд. Ӯ гӯфт, ки «як радио харида будам . Занак бо духтарош ба умеди радио аз кору бор монд. Барои ҳамин зада шикастам...»

Субҳи деҳкада бо садои гову молу сагу хурус, бӯи шири навҷӯшида ва нони гарму ғаймоқу маскааш аҷаб гуворост! Соҳиби хонае, ки мо меҳмони ӯ будем говашро ҷушиду аз банд раҳо кард. Гов ҳам гӯё ба кор мерафта бошад, бачаашро лесиду оҳиставу андешаманд ба сӯи кӯча қадам зад. Подабон шӯхиомез бо гов саломуалейк карду бо қамчин оҳиста ба рони пояш зад. Гови соҳиби хонаи мо як подабонро песонду ба роҳаш идома дод. Ин гов то бегоҳ дар чарогоҳи сабзу хурам сайру гашт мекунад, алаф мечарад ва бегоҳ бо пистонҳои пур аст шир бе роҳбалад ба хона бармегардад.

Ҳа, дар зимн аз ёдам рафтааст бигӯям, ки оғилҳои мардум низ дар Ғеш қуфл надоранд. Аммо мардум ҳеҷ ёд надорад, ки гови касеро ба яғмо бурда бошанд. Ногоҳ ҳодисаҳои дуздӣ дар гирду атрофи Душанбе ва ноҳияи Ҳамадонӣ ба ёдам омад ва дилам сиёҳ шуд. Аз солҳои нооромӣ ба ин тараф мардум дару тирезаи оҳанӣ шинондаанд ва мехоҳанд моли худро аз бадкорон ҳимоят кунанд. Аммо роҳи дуздро на қуфл мегирад на дари оҳанин.

Боре дар сафар ба ноҳияи Рӯдакӣ бо як зани 65 сола сӯҳбат кардам, ки мегӯфт, ягона модагове, ки рисқу рӯзии хонвода ва гарми оташдонро таъмин мекард, ба яғмо рафт. Ин зан ашк мерехту дуздро дуои бад мекард. Хаёлҳои мағҷушро аз сарам дур мекунам ва аз ҳой ҳуйи подабон ва садои гӯсолаи соҳиби хона, ки аз рафтани модараш ба подаҷо хушнуд нест, ҳаловат мебарам. Эй кош мардуми тамоми Тоҷикистон мисли деҳаи Ғеш дарҳои боз ва ба якдигар эътимод дошта бошанд...
XS
SM
MD
LG