Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ нашрияҳои мустақилро чоп намекунад, чаро?


Муҳиддин Кабирӣ-раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дирӯз дар мулоқоте бо Кеннет Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, чопхонаи ин ҳизб нашрияҳои мустақили Тоҷикистонро чоп нахоҳад кард, зеро дар сурати чопи ин нашрияҳо ҳизби онҳо аз ҷониби ҳукумат мавриди фишор қарор хоҳад гирифт. Вай ба сафир гуфт, ҳукумат талош дорад, ҳизби онҳоро бо нооромиҳои ахир дар водии Рашт ва ҳамлае дар ноҳияи Исфара иртибот диҳад. Кеннет Гросс ба радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар шарқи Тоҷикистон то андозае ором шудааст ва сафорат аз ҳукумат фаҳмидааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон назорат бар вазъро дар даст дорад. Ҳафтаи гузашта сафирони Британияву Амрико ва Олмону Фаронса ба вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон нигаронии худро аз вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон баён доштанд.
XS
SM
MD
LG