Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 масеҳӣ дар Ироқ дар амалиёте дар калисо кушта шуд


Дар як калисои масеҳиюн дар Бағдоди Ироқ дар ҷараёни амалиёти муштараки нируҳои амниятии Ироқ ва нируҳои амрикоӣ 7 масеҳӣ кушта, 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мардони мусаллаҳи номаълум ба калисо ҳамла бурданд ва пайравони масеҳиятро гаравгон гирифтанд. Афроди мусаллаҳ аввал ба маркази мубодилаи пул ҳамла кардаанд сипас ба калисо паноҳ бурдаанд ва ҳудуди 40 масеҳиро гаравгон гирифтаанд. Яке аз гаравгонони раҳошуда гуфт, вақте, ки афроди мусаллаҳ вориди калисо шуданд, нахустин коре, ки анҷом доданд, як намозгузорро куштанд. Як нафар иддао кардааст, ки аз гурӯҳи ал Бағдодия аст ва ин гурӯҳ масъулияти ҳамла ба калисоро бар ӯҳда гирифтааст. Вай гуфтааст, ин гурӯҳ раҳоии ҳамаи зиндониёни ал Қоида дар Ироқ ва Мисрро тақозо мекунад. Вазорати дохилаи Ироқ ин тақозор таъйид кардааст.
XS
SM
MD
LG