Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Wikileaks санадҳои сиррии ҷанги Ироқро нашр кард


Торнамои Вики Ликс ҳазорон санади маҳрамонаи Амрикоро нашр кард, ки доир ба азияту шиканҷаи зиндониён аз тарафи пулис ва сарбозони Ироқ нақл мекунанд. Дар ин санадҳо омадааст, низомиёни Амрико бо вуҷуди огаҳ будан аз чунин бадрафториҳо, таҳқиқе дар ин замина анҷом надоданд. Тақрибан 400 ҳазор гузоришҳои маҳрамона аз ҷанг дар Ироқ нишон медиҳад, ки дар ин муноқиша 66 ҳазор ғайринизомии ироқӣ кушта шудааст, оморе, ки то кунун нашр нашуда буд ва назар ба оморҳои пешина ҳам бештар аст. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико торнамои Вики Ликсро барои нашри ин санадҳо интиқод кард. Ӯ гуфт: "Мо бояд ифшои ҳаргуна иттилоъоти маҳрамона аз тарафи афрод ва ё созмонҳоро маҳкум кунем, ки ҷони сарбозони амрико ва ҳампаймонҳои онҳо ва ғайринизомиёнро ба хатар мегузорад." Пеш аз ин вазорати дифоъи Амрико ҳам гуфт, ифшои санадҳои сиррии ҷанг, ҷони сарбозони амрикоӣ ва шарикони ироқии онҳоро зери хатар мегузорад.
XS
SM
MD
LG