Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон


Гурӯҳи Гузоришгарони Бидуни Марз марказаш дар Пориси Фаронса гузориши солонаи худро дар бораи озодии матбуот ба табъ расондааст. Ба ин гузориш 178 кишвари ҷаҳон дохил шудаанд ва он аз моҳи сентябри соли 2009 то моҳи сентябри соли 2010-ро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар миёни ин кишварҳо дар зинаи 115-ӯм қарор гирифтааст ва аз Украинаву Русия ва Беларусу Қирғизистон, Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистону Озарбойҷон дар сафи пеш қарор дорад. Масалан, Русия дар зинаи 140 ва Узбакистон дар зинаи 163 қарор доранд. Элза Видал-масъули умури Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз чунин мегӯяд:

“Дар асл вазъи куллии озодии матбуот дар Тоҷикистон назар ба нишондодҳои индекси имрӯз нашршудаи ба маротиб бадтар аст, чунки мақомот чунин имкониятҳои фишорро истифода мекунанд, ки намояндагони матбуот барои ҳимояи худ ҳатто дар хориҷа пуштибон намеёбанд"

Бо назардошти бастани баъзе сомонаҳои интернетӣ ва маҳҳдудият дар чопи баъзе нашрияҳои мустақил баъд аз моҳи сентябр имкон дорад соли оянда Тоҷикистон ба зинаҳои поинтар равад.
XS
SM
MD
LG