Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҳашт муҳофизи афғонро дар Ҳилманд куштанд


Ҷангҷӯёни мазнуни Толибон шаби гузашта бо ҳамла ба як посгоҳи амниятӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон ҳашт муҳофизи қарордодии афғонро куштаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, дар ин ҳамла дасти кам ду муҳофизи дигар захмӣ ва як толиб кушта шудааст. Ин муҳофизон, як ширкати сохтмониеро посбонӣ мекардаанд, ки роҳи шаҳри Лашкаргоҳ ба самти ноҳияи ноороми Сангинро месозад.
XS
SM
MD
LG