Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Мувофиқати Амрико ва НАТО ба музокирот бо Толибон

Мақомоти Амрико ва НАТО гуфтанд, аз талошҳои давлати Афғонистон барои оғози музокироти сулҳ бо Толибон ҳимоят мекунанд. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО дирӯз дар шаҳри Брюссел гуфт, агарчӣ ин созмон ба музокирот бо Толибон мувофиқ аст, аммо амалиёти низомӣ алайҳи ситезаҷӯёни афғонро муттавақиф нахоҳад кард. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷа ва Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико дар Вашингтон гуфтанд, ҳарчӣ дар тавонашон доранд, дар ин роҳ ба Ҳомиди Карзай кӯмак хоҳанд кард, аммо афзуданд, роҳи музокирот бо Толибон печида аст ва метавонад ба натиҷае нарасад. Роберт Гейтс мегӯяд: "Мо дар робита ба ҷараёни мусолиҳа бо раиси ҷумҳур Карзай ва ҳукумати Афғонистон машваратҳои зич дорем, мо медонем, ки онҳо чӣ кор мекунанд ва онҳо медонанд, ки мо чӣ кор мекунем ва онҳо талаботи моро ҳам медонанд." Ва дигар ин ки дар Афғонистон дар чанд ҳамла, Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба раҳбарии НАТО 8 сарбози худро талаф доданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

ИМА барои таъмини амнияти хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон ҳавопаймоҳои ҷангӣ фиристод

Бомбафкани амрикоии B-52

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин рӯзи 6-уми май ба хабарнигорон гуфт, ки ИМА барои таъмини амнияти хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ ва эътилофӣ аз Афғонистон бомбафкан ва ҳавопаймоҳои ҷангии қавии бештарро сафарбар кардааст. Вазир гуфт, ки дар як ҳафтаи шурӯи хуруҷи нирӯҳо “ҳама чиз аз рӯи нақша пеш меравад” ва ҳеҷ як ҳамлаи мустақиме зидди ин нирӯҳо анҷом нашудааст. Раиси ситоди муштараки Пентагон фармондеҳ Марк Милли гуфт, ки барои таъмини амнияти нирӯҳо шаш ҳавопаймои бомбафкани B-52 ва 12 ҳавопаймои ҷангии F-18 фиристода шуданд.

Изҳороти Остин ва Милли дар ҳоле садо дод, ки дар саросари Афғонистон ҳамлаҳои Толибон ба нирӯҳои ҳукуматӣ афзоиш меёбад. Милли гуфт, дар ҳоле, ки Толибон рӯзона алайҳи ҳадафҳои ҳукуматии Афғонистон 80 то 120 ҳамла анҷом медиҳанд, то ҳол ҳеҷ чунин ҳамлае алайҳи нирӯҳои амрикоӣ ва эътилофӣ сурат нагирифтааст.

Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Ҷо Байден амр дод, ки то 11-уми сентябр, яъне санаи 20-солагии ҳамлаи Ал-Қоида ба ИМА – берункашии 2500 сарбози амрикоӣ ва 16 ҳазор корманди мадании қарордодӣ анҷом ёбад.

Раҳбарони аврупоӣ аввалин ҷаласаи ҳузурии имсоларо барпо мекунанд

Намози Иди Пок дар як калисои шаҳри Портои Португалия

Дар шаҳри Портои Португалия рӯзи 7-уми май раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар нахустин ҷаласаи ҳузурии худ дар соли ҷорӣ роҳҳои муқобила бо пандемияи коронавирусро баррасӣ мекунанд. Як масъалае, ки қарор аст дар миёни дигар мавзӯъҳо баррасӣ шавад, ин бо шарикони аврупоӣ дар миён гузоштани технологияи таҳияи воксинаҳои зидди COVID-19-и амрикоӣ мебошад. Рӯзи дуюми нишаст 8-уми май қарор аст бо нахуствазири Ҳинд Нарендра Моди, ки кишвараш дар як бӯҳрони бисёр сахти пандемия қарор дорад, ироаи кӯмакҳои изтирории байналмилалӣ баррасӣ шавад. Бори охир раҳбарони аврупоӣ дар як нишасти истисноӣ декабри порсол рӯбарӯ ҷаласа карданд. Моҳи май инчунин дар Брюссел ҷаласаи дигари ҳузурии раҳбарон барпо хоҳад шуд.

Ҳоло дар Аврупо беш аз 150 миллион ҳолати эмкунӣ анҷом шудааст ва бо вуҷуди нигаронӣ аз он ки суръати тақсими воксинаҳо суст аст, ҳоло умедворӣ пайдо шудааст, ки дар ду моҳи оянда барномаи эмкунии аврупоиҳо пешрафт хоҳад кард. Комиссиюни Аврупо аллакай пешниҳод кардааст, ки тобистони имсол қоидаҳои сафар дар доираҳи Иттиҳоди Аврупо сабуктар шавад.

Гуфтугӯҳои Вена: Эрону ИМА ба созиш даст меёбанд ё на?

Муассисаи ҳастаии Натанзи Эрон

Дар остонаи даври чоруми музокираҳои ҳастаии миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ як мақомдори калони амрикоӣ гуфт, ки ИМА ба ҳама гузаштҳои имконпазири бозгашт ба созишномаи соли 2015 омода шудааст. Ин мақомдор, ки дар як нишасти хабарии рӯзи 6-уми май сӯҳбат мекард, гуфт, Эрон набояд ба гузаштҳои азимтаре умедвор шавад ва ҳоло комёбӣ ё шикасти ин гуфтугӯҳо аз Эрон вобаста аст, ки то куыо як қарори сиёсӣ қабул карда ба ин созиш бармегардад ё на. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҳам дар як сӯҳбат гуфт, ки маълум нест оё Эрон барои бозгашти пурра ба ин созиш омода шудааст ё на. Блинкен рӯзи 6-уми май бо NBC гуфт, “онҳо, мутаассифона, барои азсаргирии бархе қисматҳои хатарноки барномаи ҳастаӣ, ки аз рӯи созиш хотима ёфта буданд, шурӯъ карданд. Ҳанӯз маълум нест, ки онҳо барои анҷоми корҳои зарурӣ омода ҳастанд ё на”. Гуфтугӯҳое, ки дар Вена ҷараён доранд, ба хотири эҷоди харитаи роҳи Вашингтон дар амри бекор кардани таҳримҳои Теҳрон ва ҳам ба иҷрои шартҳои созиш водор кардани Эрон барпо мешаванд.

Дар як шабонарӯз дар обҳои Тоҷикистон ду кӯдак ғарқ шудааст

Акс аз бойгонӣ

Дар як шабонарӯзи гузашта дар обҳои Душанбе ду кӯдак ғарқ шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, шоми дирӯз писарбачаи 12-солае дар обанбори боғи истироҳатии Фирдавсӣ, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудааст, ғарқ шуд ва дӯстонаш барои наҷоти ӯ коре кардан натавонистаанд. Ҳамин тариқ як кӯдаки 7-солаи дигар дар дарёи Кофарниҳон дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми бозӣ дар соҳил ба об афтод ва маҷро дар як они воҳид ӯро бурд. Наҷотбахшон ҷустуҷӯи ҷасади кӯдакро идома медиҳанд. Тибқи омори расмӣ, танҳо дар 4 моҳи соли ҷорӣ 19 нафар дар кӯлу дарёҳои кишвар ҳалок шуданд, ки аксарияташон кӯдакон мебошанд.

Пешниҳоди тамдиди вазъи фавқулодда дар Япония

Япония, мавсими шукуфтани дарахти гелос. Соли 2020

Ҳукумати Япония пешниҳод кардааст, ки вазъи фавқулода дар пойтахт - шаҳри Токио ва се минтақаи дигари ин кишвар то охири моҳи май тамдид ёбад. Коршиносон онро талоше барои коҳиши сирояти коронавирус дар арафаи бозиҳои олимпии тобистони соли равон арзёбӣ мекунанд ва пешбинӣ мекунанд, ки ин иқдом дастгирӣ хоҳад ёфт. Бозиҳои олимпӣ баъди таъхири яксолаи марбут бо пандемияи коронавирус 23-уми июл дар Токио ифтитоҳ меёбанд. Интизор меравад, ки дар ин мусобиқа беш аз 11 ҳазор варзишгари кишварҳои мухталифи олам ширкат меварзад. Фақат сокинони ҳамин кишвар барои тамошои бозиҳои олимпӣ ба варзишгоҳҳо роҳ дода мешаванд.

Полиси озордодаи як ҷавони узбектабор дар пеши қонун ҷавоб медиҳад

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи тафтишотии вилояти Томск барои баромадан аз ҳадди ваколат нисбати корманди бахши муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии ин минтақа парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Тафтишот мегӯяд, корманди пулис бидуни ягон асос дар дохили бинои хадамоти муҳоҷират шаҳрванди Узбекистонро зери мушту лагад гирифта телефони мобилашро шикастааст. Лаҳзаи латтукӯб аз ҷониби худи ҷабрдида сабт шуда, навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Ҳоло ба ин пулиси муштзӯр то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Муҳоҷирони тоҷик низ пайваста аз нақзи ҳуқуқ ва бадрафтории кормандони интизомии рус гила мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ба муҳоҷирон машварат медиҳанд, ки ин лаҳзаҳоро наворбардорӣ кунанд, то ин ки исботи чунин далелҳо ва дифоъ аз ҳаққи онҳо осонтар шавад.

Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон идома дорад

Деҳаи Зинг баъди офатҳои табиӣ. Соли 2016

Бедодгариҳои офатҳои табиӣ ба мисли резиши сангу фаромадани сел бар асари бориши рӯзҳои ахир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон идома дорад. Аз ҷумла дар деҳаи Кӯлчашмаи вилояти Хатлон сел 15 манзили зист ва ду пулро вайрон кардааст. Ҳамчунин дар шимоли Тоҷикистон сокинон бо фиристодани навор аз хисороти сел хабар медиҳанд. Муаллифони ин навор мегӯянд, дирӯз дар ноҳияи Ашт селоб роҳу боғҳоро шустааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар имрӯз низ идома мекунад.

Дар Туркманистон барои маъракаи ёдбуди падари президент маблағ ҷамъ меоранд

Маликқулӣ Бердимуҳаммадов, падари президенти Туркманистон.

Дар Туркманистон барои маъракаи ёдбуди падари президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз сокинон иҷборан маблағ ҷамъ меоранд.

Баъди марги Маликқулӣ Бердимуҳаммадов, падари президент, ки рӯзи 18 апрел дар синни 89 фавтид, аз сокинон барои маъракаи ёдбуди вай маблағ ҷамъ оварда буданд. Ҳамакнун барои маъракаи ёдбуд ё чиҳилуми Бердимуҳаммадови калонӣ дар масҷидҳо маблағ ҷамъ мекунанд.

Мақомоти маҳаллии Туркманистон барои ин маърака аз омӯзгорону донишҷӯён 50-манатӣ талаб доранд. Ҳоло ҷамъоварии маблағ асосан дар донишгоҳҳои шаҳри Ишқобод идома дорад.

"Моро президент ва падари вай дилгир кардаанд. Роҳбарияти донишгоҳ бо ҷамъоварии маблағ мехоҳад, худро дар назди роҳбари болотар "ширин" созад. Кош зудтар ин мазҳака ба поён мерасид. Моро маҷбур мекунанд, ки дар ин чорабиниҳои дурӯғин бишинем ва ҳузну андуҳ нишон диҳем", - гуфт як донишҷӯ, ки нахост номаш бурда шавад.

Маликқулӣ Бердимуҳаммадов 12 августи соли 1932 дар деҳаи Бирлешик-1 ноҳияи Геоктепини Туркманистон таваллуд шудааст. Дар солҳои гуногун дар китобхона, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забон ва адабиёти туркман, омодагии ҳарбӣ кор кардааст. Баъдтар хизмати ҳарбӣ карда, ба соҳаи низомӣ ва умури дохилии Туркманистон гузаштааст.

Дар Туркманистон медале бо номи Маликқулӣ Бердимуҳаммадов таъсис шудааст.

Дар Қирғизистон раиси ҳизби "Турон"-ро боздошт карданд

Жениш Молдокматов, раиси ҳизби "Турон".

Жениш Молдокматов, раиси ҳизби сиёсии "Турон"-и Қирғизистонро дар доираи парвандаи ҳаводиси рӯзҳои 5-6 октябри соли 2020 боздошт кардаанд.

Вакили мудофеи вай Кантемир Турдалиев гуфт, Жениш рӯзи 6 май барои 48 соат боздошт шудааст.

"Молдокматовро ҳанӯз дар бораи айбнома огоҳ накардаанд. Муфаттиш танҳо қарори боздошти ӯро содир кард. Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки Молдокматовро дар ғасби худсаронаи бино ва иншоот гумонбар мекунанд", - гуфт вакили мудофеъ.

Рӯзҳои 5-6 октябри соли 2020 дар Қирғизистон сокинон бо нишони эътироз зидди тақаллубкориҳо дар интихоботи порлумонӣ ба кӯча бароманданд. Баъди он бетартибиҳо сар заданд. Комисияи марказии интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро бекор эълом кард. Аз ин фурсат истифода бурда, чанде аз сиёсатмадоронро аз зиндон раҳо карданд.

Додгоҳи Қазоқистон ду бародарро баъди бозгашт аз Сурия зиндонӣ кард

Яке аз додгоҳҳои Қазоқистон.

Додгоҳи Оқтеппаи Қазоқистон ду бародареро, ки моҳи феврали имсол аз Сурия ба ватан оварда шуда буданд, 8-солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Бародари калонӣ, ки 36 сол дорад, соли 2015 нахуст ба Русия сафар карда, аз онҷо тавассути Туркия ба Сурия рафтааст. Баъди ворид шудан ба Сурия ба гуруҳи ДОИШ савганди садоқат ёд карда, ба ҷонибдорӣ аз он ҷангидааст.

Бародари хурдӣ (30-сола) 16 майи соли 2016 аз Алмато ба шаҳри Истамбули Туркия парвоз карда, аз онҷо ба Сурия рафтааст.

Додгоҳ ҳар ду бародарро ба "барангехтани адовати динӣ, даъвати оммавӣ ба ғасби қудрат аз роҳи хушунат ва иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" айбдор эълом кард. Ба иттилои додгоҳ, онҳо ҳамчунин шахсони дигарро барои пайвастан ба гуруҳи мамнуъ ташвиқ кардаанд.

Вакили дифои бародарон Нурбибӣ Есмагамбетова гуфт, ки шахсони зери ҳимояаш дар додгоҳ пурра гуноҳро ба гардан гирифтаанд. "Мурофиаҳо пушида баргузор шуда, пайвандони гумонбарон иштирок надоштанд. Аз ин зиёд чизе гуфта наметавонам", - афзуд ӯ.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон 4 феврали соли ҷорӣ хабар дод, ки 14 шаҳрванди ин кишварро аз Сурия ба ватан баргардонданд.

Ҷангҷӯёни Толибон як ноҳияро дар шимоли Афғонистон гирифтаанд

Сарбози афғонистонӣ

Мансабдорони Афғонистон гуфтанд, ки ҷангҷӯёни Толибон баъд аз задухӯрди чандсоата бо нерӯҳои давлатӣ ноҳияи Барака, воқеъ дар шимоли ин кишварро ишғол намуданд.

Охири ҳафтаи гузашта нерӯҳои Амрико хуруҷ аз Афғонистонро оғоз карданд. Муҳаммад Шерзод, раиси ноҳияи Баракаи вилояти Бағлон, рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби ақибнишинии нерӯҳои давлатӣ камбуди силоҳу муҳиммот будааст.

Мақомдорони амниятӣ мегӯянд, Толибон бо талафоти бузург рӯ ба рӯ шуданд. Дар айни замон даҳ сарбози афғонистонӣ кушта ва 16 каси дигар ба асорати Толибон афтидаанд.

Бар илова, дар як ҳамла ба посгоҳи нерӯҳои артиши Афғонистон дар вилояти Бағлон 9 сарбоз ба қатл расид.

Бо дастури раиси ҷумҳури Амрико, Ҷо Байден, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида то 11-уми сентябр аз Афғонистон берун мешаванд. Баъзе аз коршиносон ин тасмими Амрикоро танқид карда, аз он нигаронанд, ки Толибон бори дигар қудратро ба даст мегиранд.

Вазорат гуфт, ки хонандагони тоҷик кай ба таътил мераванд

Акс аз бойгонӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон замони таътили тобистонаи хонандагони мактабҳои миёнаро эълон кард. Бино бар он, хонандагони синфи якум аз 7-уми июн ва муҳассилони синфҳои 2-11 аз 14-уми ҳамон моҳ ба истироҳат мераванд.

Дафтари матбуоти Вазорати маориф рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки таътили тобистона то 31-уми август идома хоҳад кард. “Имсол тағйироте дар шурӯи таътили тобистона нест ва хонандагон дар умум то 14-уми июн дарсро ҷамъбаст карда, ба истироҳат мераванд”, -- гуфт ҳамсуҳбати мо дар вазорат.

Соли гузашта хонандагони мактабҳои миёнаро аз 27-уми апрел то нимаи моҳи август ба таътил фиристоданд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин вазъро ба мавҷудияти коронавирус дар кишвар рабт дода буд.

HRW аз хавфи кам шудани маблағгузорӣ ба низоми тандурустии Афғонистон ҳушдор дод

Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, ҳушдор дод, ки коҳиши ҳимояи молии Афғонистон аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ боис ба маҳдуд шудани дастрасии занон ба хадамоти тиббӣ шудааст.

Ин созмонии ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, дар ояндаи наздик ҳам интизор меравад маблағгузорӣ боз камтар шавад, чун низомиёни хориҷӣ барои берун шудан аз ин кишвар омодагӣ мебинанд.

HRW дар гузорише, ки рӯзи 6-уми май нашр кард, маҳдудиятҳоеро номбар намуд, ки занон афғон ҳангоми гирифтани ёрии тиббӣ бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Созмон ҳамчунон аз бад шудани бахши тандурустии Афғонистон бинобар коҳиши кумакҳои байналмилалӣ гузориш додааст.

"Коҳиши маблағгузорӣ аллакай таъсири хатарноке барои ҳаёт ва зиндагии бисёре аз духтарон гузоштааст, чунки дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ коҳиш ёфта, сифати он поён рафтааст", -- гуфта мешавад дар гузориш.

Хизер Барр, ҳамраиси бахши ҳуқуқи занони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, "созмонҳои кумакрасон мунтазир нишастаанд, то бубинанд, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ Толибон бештари қаламрави кишварро зери даст мегиранд ё не."

"Аммо ин барои кам кардани маблағгузорӣ ба хидматрасонии асосии тиббӣ, ки гуруҳои ёрирасон дар минтақаҳои ноамн ва зери дасти Толибон ба мардум мерасонанд, баҳона шуда наметавонад", -- таъкид шудааст дар гузориш.

Вазири пешини тандурустии Қазоқистон ба исрофи $4,1 млн пули буҷа айбдор мешавад

Kazakh Healthcare Minister Yelzhan Birtanov attends a public hearing in Almaty, Kazakhstan February 24, 2020. REUTERS/Pavel Mikheyev

Вазири пешини тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов ва муовинаш Олжас Абишев ба исрофи пулҳои буҷа ва расонидани зарари моддӣ ба давлат дар миқдори 1,5 миллиард танга айбдор мешаванд.

Айбдоркунандаи давлатӣ 5-уми май дар додгоҳи Нурсултон гуфт, Вазорати тандурустии Қазоқистон соли 2015 барои дастрас кардани низоми иттилоотие бо ширкати "Ericsson Nikola Tesla"-и Хорватия қарордод имзо кардааст.

Ба гуфтаи додситон, Биртанов бо вуҷуди он ки медонист, платформаи мазкур корношоям аст, ба раҳбарияти кишвар иттилои дуруғ пешниҳод карда, фармон дар бораи хариди онро имзо кардааст.

"Ин платформа то ҳол мавриди истифода қарор нагирифтааст. Он бо низоми иттилоотии Вазорати тандурустии Қазоқистон пайваст карда нашудааст ва ин ба кори ниҳодҳои тандурустӣ дар давраи пандемияи таъсири манфӣ расонд", - изҳор дошт додситон Толеген Жараспаев.

Бино ба фарзияи тафтишот, Биртанов ва "шахсони дигар" пулҳои буҷаро исроф карда, ба давлати Қазоқистон дар ҳаҷми 1,5 миллиард танга ё 4,1 миллион доллар зарар расондаанд.

Мақомоти Қазоқистон рӯзи 3 ноябри соли 2020 боздошти Биртановро тасдиқ карданд. Додгоҳ Биртановро дар марҳилаи тафтишот ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Биртанови 49-сола аз моҳи январи соли 2017 то охири июни соли 2020 вазири тандурустии Қазоқистон буд. Вай дар пасманзари афзоиши гирифторони вабои коронавирус ва норасоии кат дар беморхонаҳои Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод.

Пештар аз он Олжас Абишев, муовини Биртановро бо гумони исрофи наздики 500 миллион тангаи буҷа боздошт карда буданд.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон ба деҳаҳои осебдида дар низои марзӣ бо Тоҷикистон рафт

Содир Ҷабборов дар деҳаи Мақсат, 6-уми майи 2021

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 6-уми май дар доираи як сафари корӣ ба вилояти Бодканди ин кишвар рафт.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷабборов дар ҷараёни ин сафар аз деҳаҳое дидан хоҳад кард, ки дар натиҷаи низои ахири марзӣ бо Тоҷикистон осеб дидаанд. Мулоқоти ӯ бо сокинони деҳаҳои мазкур низ дар назар аст.

Муҳофизони президенти Қирғизистон ба рӯзноманигорон ва сокинон иҷозат надоданд, ки мулоқот бо ӯро акс ё ба навор гиранд. Хадамоти матбуотии Ҷабборов ин хабарро шарҳ надодааст.

Содир Ҷабборов аллакай бо сокинони деҳаи Мақсат дар назди бинои сӯхтаи мактабе мулоқот карда, ваъда додааст, ки ҳамаи хонаҳои осебдида дар давоми ду моҳ барқарор карда хоҳанд шуд. Ӯ гуфтааст, "то вазифаҳои аввалиндараҷа барои барқарорсозии вилояти Бодканд ба анҷом нарасанд, ба Тоҷикистон сафар нахоҳад кард".

Сафари президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар нимаи дувуми моҳи майи имсол дар назар буд.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон ​19 нафар ба ҳалокат расида, ​87 кас захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

13 май – Иди Фитр дар Тоҷикистон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи Иди Фитрро эълон кард. Бино ба қароре, ки 6-уми май қабул шуд, Иди Рамазон дар Тоҷикистон 13-уми май таҷлил мешавад. Намози идро соати 6-и субҳ мехонанд.

Шӯрои уламо имсол нисоби закотро 25 ҳазор сомонӣ муқаррар кардааст, ки аз он 625 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитрро 6 сомонӣ барои як нафар муайян карданд.

Барои афроде, ки наметавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, фидя ба маблағи 360 сомонӣ барои 30 рӯз таъин шудааст.

Шӯрои уламо аз мардуми доро хостааст, закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаи онҳое низ бидиҳанд, ки дар ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон кушта шуданд.

Ба иттилои расмӣ, дар задухӯрди мусаллаҳонаи рӯзи 29-уми апрел аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 кас захмӣ шуданд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷрӯҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.

Иди Фитр ва ё анҷоми моҳи Рамазон барои пайравони дини ислом дар Тоҷикистон дар ҳоле фаро мерасад, ки мақомот соли гузашта бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус намозҳои таровеҳу ид ва панҷвақтаву ҷумъаро дар масҷидҳо манъ карда буданд.

Ин намози Иди Фитр аз нахустин ибодати идона дар масҷидҳо пас аз хуруҷи пандемия дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дари масҷидҳоро дар Тоҷикистон соли гузашта, пас аз густариши бемории ҳамагир, баста, танҳо 1-уми феврали имсол боз карданд.

Амрико аз ҳифзи моликияти зеҳнии ваксинаҳои зидди COVID-19 даст мекашад

Маросими сӯзонидани ҷасади қурбониёни COVID-19 дар Ҳинд

Маъмурияти президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 5-уми май гуфт, аз ҳимояи моликияти зеҳнии ваксинаи зидди COVID-19, ба хотири ҳар чи зудтар поён додани пандемия, даст мекашад.

Кэтрин Тай, намояндаи тиҷоратии Амрико, мавқеи ҳукуматашро дар пасманзари музокирот бо Созмони Ҷаҳонии Савдо ва ба хотири содда кардани қоидаҳои тиҷорат эълон кард, “то кишварҳои бештаре имкон ёбанд, ваксинаи наҷотбахшро истеҳсол кунанд”.

Тай гуфт, маъмурияти президент Байден ҷонибдори ҳимояи моликияти зеҳнӣ ҳаст, “аммо ба хотири поён додани пандемия, аз тасмими даст кашидан аз ҳимояи зеҳнии ваксинаи зидди COVID-19 ҷонибдорӣ мекунад”.

Тедрос Адҳаном Гебрейсус, раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, иқдоми Амрикоро “тасмими сарнавиштсоз” дар амри мубориза бо COVID-19 номид.

Аммо Федератсияи байналмилалии тавлидкунандагони дору, гуфтанд, аз ин тасмим нигаронанд. Масъулони Федератсия гуфтанд, истеҳсоли ваксинаҳоро афзоиш нахоҳанд дод, чунки истеҳсоли ваксина кори мураккаб аст ва бо коҳиш додани ҳифзи моликияти зеҳнӣ намешавад тавлиди ваксинаро бештар кард.

Ҳоло Ҳинд беш аз ҳар кишвари дунё ба ваксина ниёз дорад, чун ба мавҷи шадид ва пурқурбонии коронавирус рӯ ба рӯ шудааст. Ҳинд аз марги боз 3780 нафар аз короновирус хабар дод, ки мизони аз ҳама баланди маргу мир дар як рӯз аст.

Дар ин кишвар рӯзи 5-уми май 382 ҳазор мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Мақомоти тандурустии ин кишвар мегӯянд, нуқтаи авҷи мавҷи кунунии пандемияи ҳафтаҳои наздик фаро нахоҳад расид.

Марги мармузи мунтақиди Илҳом Алиев дар Истамбул

Байрам Мамедов.

Ҷасади фаъоли мадании озарӣ Байрам Мамедовро дар шаҳри Истамбули Туркия пайдо карданд. Мамедов дар шароити мармузе ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи дустони Мамедов, ҷасади фаъоли озариро чанд рӯз пеш аз баҳр пайдо карданд ва пулиси Туркия ҳоло ҳодисаро таҳқиқ дорад.

Мамедов баъди он машҳур шуд, ки ҳамроҳи Ғиёсиддин Иброҳимов 24-уми майи соли 2016 дар рӯзи зодрӯзи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев пайкараи падари ӯ президенти пешини ин кишвар Ҳайдар Алиевро кашида, дар зери он навиштанд, ки "Нест бод низом!" ва "Рӯзи ғуломон муборак бошад!". Сипас акси расмро дар Интернет нашр карданд. Баъди чанд рӯз ҳар ду боздошт ва бо ҷурми нигаҳдории маводи мухаддир 10 сол аз озодӣ маҳрум гаштанд.

Ҳар ду фаъоли озарӣ ҳамаи иттиҳомот алайҳи худро сохта номиданд. Мамедов гуфт, зери шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифт. Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо соли 2020 мақомоти Озарбойҷонро вазифадор кард, ки барои таъқиби бидуни асос ба он ду нафар ҷуброн пардозад.

Amnesty International парванда алайҳи фаъолони озариро сохта ва худи онҳоро маҳбуси сиёсӣ номид.

"Шоиста бегуноҳ аст". Сарнавишти узбекистоние, ки дар таркиши Петербург айбдор мешавад

Шоиста Каримова дар додгоҳ.

Дар миёни 11 муҳоҷири Осиёи Марказӣ, ки дар ташкили таркиши метрои Петербург дар рӯзи 3 апрели соли 2017 айбдор мешаванд, Шоиста Каримоваи 49-сола, сокини вилояти Намангони Узбекистон низ ҳаст.

Елена Бабинтсева, сокини шаҳри Петербург ба сарнавишти Шоиста таваҷҷуҳ кардааст, ки вай худро комилан бегуноҳ медонад. Бабинтсева гуфт, ки парвандаи ҷиноии марбут ба таркиши метроро таҳқиқ мекунад ва ба хулоса расидааст, ки Шоиста комилан бегуноҳ аст.

Аз замони таркиши метро дар Петербурги Русия 4 сол гузашт. Рӯзи 3 апрели соли 2017 дар он таркиш 15 кас кушта ва 67 кас маҷруҳ шуданд. Ин ҳамларо ба эҳтимоли зиёд муҳоҷири қирғизистонӣ Акбарҷон Ҷалилов анҷом додааст.

Соли 2019 додгоҳ 11 муҳоҷир аз Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро аз 19 сол то ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Наздикони муҳоҷирон гуфтанд, онҳо дар ҷараёни тафтишот шиканҷа шудаанд.

Шоиста Каримова, муҳоҷири узбекистонӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Додситонӣ ӯро ба он айбдор кард, ки ба террористон имкон додааст, аз телефонаш гуфтугӯ кунанд. Шоиста айби эъломшударо қабул надорад.

Елена Бабнитсева ба таҳқиқи саргузашти Шоиста шуруъ кардааст.

"Акнун ман шак надорам, ки Шоиста бегуноҳ аст. Дар ду соли охир ман руҳу равони ӯро шинохтаам, бо парвандаи ҷиноӣ комилан шинос шудаам, тамоми наворҳои марбут ба таркишро дидам ва мухолифтаҳои зиёде пайдо кардам. Ҳукми додгоҳро ҳам омӯхтам ва норушаниҳову норасоиҳои зиёдеро ошкор кардам. Дар ҳукмномаи 111-саҳифаӣ шумо ба ин хулоса мерасед, ки додгоҳ ба ин норушаниҳо посухе надорад", - гуфт Елена.

Ин сокини Петербург гуфт, ки дар парвандаи Шоиста Каримова низ иштибоҳҳои зиёдеро ошкор кардааст.

"Бадтар аз ин он аст, ки далелҳои шайъӣ нобуд карда шудаанд ва ба вакилони мудофеъ имкон намедиҳанд, ки онҳоро дубора аз назар гузаронанд. Қатори таркондашуда ҳам нобуд карда шудааст. Ману Шоиста бештар аз 100 мактуб радду бадал кардем. Вай хоҳони адолат аст, вай бовар дорад, ки адолат тантана мекунад", - гуфт Бабинтсева.

Муфаттиши Кумитаи тафтишотии Русия Андрей Жигулин гуфт, ҳангоми кофтукоб аз Каримова як норинҷак, ду детонатор ва дигар лавозимот пайдо шудааст.

Мусо Абдулваҳҳобов, вакили мудофеи Шоиста гуфт, ки парвандаи нафари таҳти ҳимояташ бо роҳи тақаллуб кушода шудааст.

Шоиста Каримова дар додгоҳ гуфт, ки Акбарҷон Ҷалиловро намешинохт, аммо чанд моҳ дар қаҳвахонаи "Лесное" дар Петербург ба ҳайси фаррош кор кардааст.

Рӯзи 6 апрели соли 2017 - се рӯз баъд аз таркиш - Шоиста ва ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳи вай, ки дар қаҳвахонаи мазкур кор мекарданд, боздошт шуданд.

Дар Туркманистон иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ туҳфаҳои президентиро мехаранд

Собиқадорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Аз иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва ақибгоҳ талаб шудааст, ки барои туҳфаҳои президентӣ маблағ ҷамъ оваранд. Чун анъана, ҳамасола рӯзи 9 май ба иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз номи президент туҳфа тақдим мекунанд.

Ин соли дувум аст, ки аз иштирокчиёни ҷанг барои туҳфаҳои президент маблағ ҷамъ меоваранд.

Ба навиштаи расонаҳо, дар вилояти Лебапи он кишвар ҷамъоварии маблағ сурат гирифтааст. Аксари иштирокчиёни ҷанг бештар аз 90 сол умр доранд.

Соли гузашта иштирокчиён барои туҳфаҳои президент 1000 манатӣ супориданд ва дар иваз медали 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дарёфт карданд.

Дар соли 2017 ба иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Туркманистон дар ҳаҷми 26 доллари ИМА туҳфа дода буданд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки дар Туркманистон чи теъдод иштирокчии ҷанг боқӣ мондааст.

Эмомалӣ Насриддинзода ба ҷойи Абдуҷаббор Раҳмонзода ёвари президент шуд

Эмомалӣ Насриддинзода

Эмомалӣ Насриддинзода, вакили порлумон, рӯзи 5-уми май ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар мавриди масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шуд. Ӯ то ин дам раёсати Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагонро ба уҳда дошт. Эмомалӣ Насриддинзодаи 55 сола, зодаи шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмалик ва доктори илми ҳуқуқ аст. То соли 2016 ба ҳайси устоди ҳуқуқ дарс мегуфт ва мудири факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Рӯзи 4-уми май Абдуҷаббор Раҳмонзодаи 62-сола аз симати ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа барканор гардид. Ӯро сафири Тоҷикистон дар Узбекистон таъин карданд. Мухолифони тоҷик шеваи тағйироти кадриро дар идораҳои давлатии Тоҷикистон танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин тағийрот на бар асоси шоистасолорӣ, балки бештар бар асоси садоқат ба раҳбарият сурат мегирад.

Бист сол ҳукми зиндони дипломати баландпояи Эрон дар Белгия

Дипломати Эрон Асадуллоҳ Асадӣ

Ҳукми 20 сол зиндони дипломати эронӣ дар Белгия баъди он ки аз шикоят бурдан ба додгоҳи зинаи болоӣ даст кашид, ба иҷро даромад. Ӯро ба қасди бомбгузорӣ дар тазоҳуроти мухолифон дар Париж гунаҳкор карданд.

Вакили дифоъ рӯзи 5-уми май гуфт, ҳукми додгоҳ пас аз он ба иҷро даромад, ки Асадуллоҳ Асадӣ, дипломати эронӣ дар Вена, аз шикоят бурдан даст кашид. Асадӣ рӯзи 4-уми феврал пас аз таҳрезии бомгузорӣ дар тазоҳуроти Шӯрои Миллии Муқовимати Эрон (ШММЭ), як гуруҳи мухолифони фирорӣ дар Париж, моҳи июни соли 2018 гунаҳкор дониста шуд.

Се айбдоршавандаи дигар низ, ба ин ҷурм аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Бомбгузории қаблан таҳрезишуда дар пайи як амалиёти ҳамоҳангшудаи мақомоти амнияти Фаронса, Олмон ва Белгия ҷилавгирӣ карда шуд.

Ҳукумати Эрон ин ҳукмро шадидан маҳкум карда, иттиҳом алайҳи дипломатро рад кард ва гуфт, иттиҳомоти Шӯрои Миллии Муқовимати Эрон, ки Теҳрон ин гуруҳро террористӣ мехонад, дурӯғ аст.

Шӯрои Миллии Муқовимати Эрон, як ҷиноҳи мухолифони дар табъид қарордоштаи "Муҷоҳидини Ҳалқ" аст, ки мехоҳад ҷумҳурии исломиро сарнагун кунад. Додситон Ҷорҷ-Анри Боте рӯзи 5-уми май дар Антверпен гуфт, мақомоти Белгия кафолат доданд, ки Асадиро бо шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ, ки дар Эрон дар боздошт ҳастанд, иваз намекунад.

"Ҳукумати Белгия ин гуна табодулро (манзур табодули зиндониён) ҳеҷ гоҳ матраҳ нахоҳад кард", -- гуфт ӯ.

Асадӣ нахустин мансабдорӣ эронӣ аст, ки бо ҷурми терроризм дар Аврупо пас аз инқилоби исломӣ дар соли 1979 дар додгоҳ муҳокима шуд.

Асадӣ нахуст дар Олмон боздошт шуда, баъдан барои муҳокима ба Белгия супурда шуд. Дар ҳукми додгоҳи Белгия гуфта мешавад, Асадӣ шабакаи ҷосусии Эронро роҳбарӣ дошт ва бо амри Теҳрон амал мекард.

Барои блогер Отабек Сатторӣ дар Узбекистон 11 сол зиндон хостанд

Отабек Сатторӣ

Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ дар Узбекистон барои блогер Отабек Сатторӣ 11 сол зиндон талаб кард. Сатторӣ, ки бо наворҳои танқидиаш маъруф аст, дар асоси 3 моддаи Кодекси ҷиноии Узбекистон айбдор мешавад.

Додситон гуфт, Отабек Сатторӣ айбҳоро эътироф накарда, зарари расонидаашро низ ҷуброн накардааст. Ба ин далел, ҳолатҳои сабуккунанда нисбат ба ӯ татбиқ карда намешавад. Ҳукми ниҳоии додгоҳ рӯзи 10-уми май эълом хоҳад шуд.

Сатториро рӯзи 30-юми январи имсол дастгир карданд. Ӯ ба тамаъҷӯӣ, туҳмат ва таҳқир муттаҳам аст.

Чанде аз созмонҳои байналмилалӣ аз мақомоти Узбекистон даъват карданд, ки блогер Отабек Сатториро аз ҳабс озод кунанд. Созмонҳо мегӯянд, вай бо айбҳои беасос боздошт шудааст.

Дипломатҳои G-7 чигунагии тақсими ваксинаи зидди COVID-19-ро баррасӣ мекунанд

Вазирони корҳои хориҷии ҳафт кишвари саноатӣ ё сарватманди ҷаҳон рӯзи 5-уми май дар Лондон дар мавриди чигунагии тақсими ваксинаи зидди COVID-19 баҳс мекунанд.

Амрико, Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Италия ва Ҷопон узви G-7 мебошанд.

Ин кишварҳо дар ҳоли ҳозир бо фишори афзоянда рӯ ба рӯ ҳастанд, то ваксинаро дар ихтиёри кишварҳои нодоре бигузоранд, ки дар заминаи ваксингузаронӣ бар шаҳрвандони худ ақиб мондаанд.

Кишварҳои сарватманди ҷаҳон бештар бар барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ такя кардаанд. Ин барнома ваксинаи зидди COVID-19-ро бештар дар ихтиёри кишварҳои камтар рушдёфта қарор медиҳад.

Президенти Қирғизистон Конститутсияи навро имзо кард

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ҳангоми имзои Конститутсияи нав. Бишкек, 5-уми майи 2021

Рӯзи 5-уми май, дар рӯзи қабули Конститутсияи Қирғизистон, президенти он кишвар Содир Ҷабборов Қонуни асосии навро имзо кард.

Маросими имзои Конститутсияи нав бо иштироки вакилони порлумон, додрасҳо, аъзои ҳукумат ва фаъолони ҷомеаи Қирғизистон сурат гирифт. Раъйпурсӣ барои қабули Конститутсияи нави он кишвар рӯзи 11-уми апрел баргузор шуда буд.

Рӯзи 17-уми ноябри соли 2020 дар сомонаи порлумони Қирғизистон тарҳи қонуни баргузории раъйпурсӣ барои қабули Конститутсияи нав нашр шуд. Дар хабари порлумон омада буд, ки тарҳи навро 90 вакил таҳия кардаанд.

Тарҳи қонун то 2-юми феврал таҳриру коркард шуда, ба порлумон ирсол гардид. Рӯзи 9-уми феврал тарҳи Конститутсияи нав дар сомонаи расмии порлумони Қирғизистон интишор шуд. Ҳамин тарҳи қонун рӯзи 11-уми апрел ба раъйдиҳӣ гузошта шуда, аз сӯи шаҳрвандони Қирғизистон қабул гардид.

Ҳуқуқшиносон ва коршиносон дар Қирғизистон борҳо зидди қабули ин тарҳ садо баланд карданд. Ба гуфтаи онҳо, тарҳи нав кишварро ба худкомагӣ мерасонад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG