Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Эътидоли авзоъ дар Покистон барои пирӯзӣ муҳим аст


Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ва вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон эътидоли авзоъ дар Покистонро барои сиёсати берунии НАТО муҳим хонданд. Хонум Клинтон дар нишасти хабарӣ дар Брюсел ба думболи нишасти вазирони дифоъ ва умури хориҷии кишварҳои узви Паймон гуфт: "Мо чунин мешуморем, ки эътидоли авзоъ дар Покистон барои комёб шудани набарди мо бо терроризм ва барои амнияти мардуми кишвари мо ва ҳампаймонҳову дӯстони мо, аз ҷумла, дар Аврупо басо муҳим аст".
Хонум Эштон, дар навбати худ, ба талошҳои кишварҳои узви НАТО дар роҳи кӯмак ба мардуми аз обхезии бесобиқа осебдидаи Покистон таъкид кард.
Дар нишасти вазирони дифоъ ва умури хориҷии кишварҳои узви НАТО дар Брюссел тарҳи нави стратегияи Паймон баррасӣ гардид, ки дар он рӯи таҳдидҳои нав, аз ҷумла, имкони ҳамлаи мушакӣ аз сӯи бархе кишварҳо тамаркӯз шудааст. Тарҳи ниҳоии ин стратегия бояд моҳи оянда дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО пазируфта шавад.
XS
SM
MD
LG