Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Роберт Гейтс аз таҳдид ба суботи Осиёву Уқёнусия


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, ҳушдор дод, ки вуҷуди баҳсҳо бар сари қаламравҳои заминиву обӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнусия хатари афзояндае ба субот дар ин минтақа шудааст. Ӯ дар ин бора дар нишасти як иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ҳампаймонҳои онҳо аз ҷумла Амрико, Чину Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Русия сухан гуфт. Чанде пеш аз ин нишаст, Чину Ҷопон бинобар бархӯрди як киштии чинӣ ба қайиқҳои ҷопонӣ ва боздошти капитани киштии Чин аз тарафи ҷопониҳо дар наздикии ҷазираҳое, ки ҳарду кишвар бар сари онҳо даъво доранд, ҷанҷол карданд.
XS
SM
MD
LG